Чӣ гуна террористон бо сӯиистифода аз коронавирус мардумро гӯл мезананд

Апрель 9, 2020 10:06

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Принсипҳои «стандартҳои дугона» ҳамчун падидаи глобалии геополитикаи муосир дар даҳсолаҳои охир на танҳо меъёри маъмулӣ гардидаанд, балки дар стратегияҳои давлатҳои абарқудрат дар соҳаи байналмилалӣ ҷилои берунӣ ва мавқеи «манфиатовар» касб намудаанд. Ба ҷуз Сурия, Ливия, Ироқ ва дигар кишварҳо, ки ҳоло ба «нуқтаҳои доғ»-и сайёра табдил ёфтаанд, мисоли равшани ин  созмони террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ва саркардаи он Муҳиддин Кабирӣ мебошанд.

Дар маводҳои «Радиои Озодӣ» бо ибтикори дастандаркори асосии он, президенти радиои «Аврупои Озод/Радиои Озодӣ» Ҷейм Флай, ТТЭ «ҲНИ» ва сохтори дигари экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон» («ПМТ»), ки аз ҷониби фаъолони наҳзатӣ барои рӯйпӯшӣ таъсис шудааст,  ба таври дурӯягӣ «мухолифини сиёсӣ дар хориҷа» ном бурда шуда, ба онҳо ба таври оммавӣ дастгирии ҳамаҷонибаи иттилоотӣ ва идеологӣ расонида мешавад.

Ғайр аз он, ТТЭ «ҲНИ» ва «ПМТ» ба таври ғайрирасмӣ аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ба гуфтаи Ҷ.Флай, «ҲНИ-ро ҳамчун созмони террористӣ эълон кардани ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалиро вайрон мекунад. То он даме, ки ин ҳизб аз зӯроварӣ худдорӣ карда ва қонунгузории амалкунандаи кишварро риоя кунад, он як ҷузъи ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст ва Радиои Озодӣ инъикоси фаъолияти ин ҳизбро идома хоҳад дод».

Чӣ тавр ва чаро чунин имконпазир шуд ва он чизеро, ки дар воқеъ ин созмонҳои экстремистӣ аз худ нишон медиҳанд, коршинос Карим Воҳидов хеле дақиқ баён доштааст: «Пас аз он ки соли 2015 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо дастгирии фаъоли аҳолӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ амалиёти террористии васеъмиқёси ҲНИ-ро пешгирӣ намуда, амалиёти зиддитеррористиро барои торумор кардани гурӯҳи мусаллаҳи тахрибкору террористӣ, ки саркардаи ҲНИ сарварӣ мекард ва кӯшиши ҳамла ба  иншоотҳои низомии ҶТ ва таъсиси майдони амалиёти террористии ҳарбиро дар минтақаҳои кӯҳии кишвар дошт, бо муваффақият татбиқ намуд ва ин сохтор бо қарори Суди Олии ҷумҳурӣ террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд. Баъдтар он ба Феҳрасти ташкилотҳои террористии СМЗТ СҲШ, МЗТ ИДМ, СААД ва ҷангиёни он ба рӯйхати ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта тавассути Интерпол шомил карда шуданд.

Барои ин, он далелҳои шайъӣ ва дигар далелҳое, ки дар доираи парвандаҳои ҷиноии сершумор нисбат ба роҳбарият ва аъзои фаъоли «ҲНИ» доир ба иштироки бевоситаи онҳо дар ташкил ва фаъолияти пинҳонкоронаи террористӣ дар кишвар, ки аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷӣ ҳамоҳанг ва маблағгузорӣ карда мешуд, инчунин робитаи зичи онҳо бо созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба мисли «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Алқоида» ва ғайра таҳқиқ мешуд, асос гаштанд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда, роҳбарон ва аъзои фаъоли ТТЭ «ҲНИ» боздошт ва ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд, баъзе аз шумораи ками террористон, аз ҷумла саркардаи онҳо М. Кабирӣ тавонистанд, ки ба берун аз қаламрави ҷумҳурӣ фирор кунанд. Аммо, тадриҷан, паси ҳам онҳо дар қаламрави кишварҳои сеюм муайян карда мешаванд ва мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон истирдод ва дар назди суд ҳозир карда мешаванд.

Имрӯз ТТЭ «ҲНИ» дар хориҷа худро конгломерати ҳақир, ки террористонро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ пинҳон медорад, нишон дода, мекӯшад хоҷагони маблағгузор ва сарпарастони худро аз хадамоти махсуси хориҷӣ, ки гӯё то ҳол онҳо имконияти муташанниҷ сохтани вазъ дар Тоҷикистон ва кушодани «дарвозаҳои кӯҳӣ» ба отрядҳои ташкилотҳои байналмилалии террористии дар вилоятҳои наздисарҳадии Афғонистон ҷамъшударо доранд, бовар кунонанд.

Дар асл ва ҳама низ инро дарк мекунанд, аз ҷумла худи террористони «ҲНИ», —  даври онҳо бебозгашт гузаштааст. Ҳоло дар Тоҷикистон ва дар Осиёи Марказӣ, дар умум, комилан вазъияти дигари таърихӣ аст, на он ҳолате, ки солҳои 90-ум «ҲНИ» отрядҳои ваҳҳобиёнро роҳбарӣ карда, ба хотири роҳандозӣ намудани тартиботи шариати асримиёнагӣ дар кишвар ҷанги дохилии чандинсоларо сар кард.

Он вақт беш аз 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок гашта, зиёда аз як миллион нафари дигар  гуреза шуданд, ҷумҳурии ҷавон ба бетартибӣ ва зӯроварӣ дучор гардид.  Мардуми  мо он вақт талафоти зиёд дод, барои он ки алафи бегонаи терроризми наҳзатиро дар сарзамини хеш сари вақт нобуд насохт. Аммо ин хато дубора такрор нахоҳад шуд ва ҲНИ дигар имконияти фиреб кардану ба доми найранги худ кашидани  одамони одиро надорад.

Бинобар ин, сархушии саркардаи террористони «ҲНИ» М.Кабирӣ дар давраи аввали қарор доштанаш дар Ғарб ба воқеияти ҷиддии таърихӣ дучор шуд. Лоиҳаҳои ботили ӯ дар бораи бо пулҳои хадамоти махсуси хориҷӣ ташкил намудани Иттиҳоди мухолифини тоҷик-2 ба мисли солҳои 90-ум шикаст хӯрданд ва маълум шуд, ки дар марҳилаи эълон кардан ба хок супорида шудаанд. Касе нахост дар онҳо иштирок кунад ва ҷамъ кардани теъдоди зарурӣ дар ҷамъомадҳои «ҲНИ» мушкил буд, зеро дар асоси қонунгузории Тоҷикистон ҳамкорӣ бо ташкилоти террористӣ, ҳамон тавр ки ТТЭ «ҲНИ» бо қарори суд дониста шудааст, ҷиноят буда, ҷазои сахт пешбинӣ шудааст…

Тавре ба назар мерасад, бо ин тақозо лоиҳаи ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» ба миён омад. Вазъиятро баҳо дода, коршинос Акрам Қурбонов  аз рӯи адолат мутазаккир мешавад, ки «на давутоз атрофи ба вуҷуд омадани Паймон,   махсусан вазифаҳои оинномавии  эълоншуда, ба ҷуз намо ва зохири зебо чизи дигаре намебошанд. Аз тамоми маҷмӯи имкониятҳои воқеии ӯ фақат пеш бурдани ҷанги фаъоли иттилоотӣ ҷиҳати бадном кардани фаъолияти мақомоти Тоҷикистон ва бозӣ кардан бо шуури ҷамъиятӣ метавонад натиҷа диҳад.

Маҳз ҳамин самти фаъолиятро саркардаи ТТЭ «ҲНИ» М.Кабирӣ (ҳамзамон роҳбари Паймони Миллӣ-эзоҳи муаллиф) афзалиятнок донист: «Мақсади асосии мо – ба мардуми тоҷик расонем, ки барои беҳбуд бахшидани вазъият чӣ кор бояд кунем … Ба шарофати ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ин кор пурра имконпазир аст. Мо қаблан низ ба ин кор машғул будем, вале ба таври пароканда, бе ҳамоҳангӣ ва бе барномаи махсус. Паймони миллӣ мақсад дорад, ки тамоми имкониятҳои ҳизбу гурӯҳҳоро муттаҳид намуда, доираи фаъолияти иттилоотиро васеъ намояд. Мардуми Тоҷикистон бояд аз мо маълумоти сифатан баланд ва воқеъбинонаро гиранд, на таблиғоти пучу беасос, ки ВАО-и ҳукуматӣ ва доираҳои ба онҳо наздик амалӣ менамоянд. Ин ягона тарзи таъсиррасонӣ ба вазъият дар кишвар нест, вале дар айни ҳол аз ҳама имконоти мавҷуда муассиртар ҳамин аст. Дар навбати аввал бояд мардумро аз дастрасӣ надоштан ба маълумот берун кунем, танҳо ҳамон вақт онҳо ба мубориза  барои ҳуқуқҳои худ омода мешаванд».

Ҳамин тавр, М.Кабирӣ дар амал ба таври кушод изҳор медорад, ки Паймон бо мақсади ба вуҷуд овардани зиддият дар ҷомеа ва ноором кардани вазъият дар мамлакат, беобрӯ ва бадном кардани кори мақомоти давлатии Тоҷикистон дар фазои ҷаҳонии иттилоотӣ, омода намудани замина барои ҷалб ва истифода кардани шаҳрвандон дар фаъолияти террористии худ, «коркарди» зеҳнии шаҳрвандони Тоҷикистонро ба роҳ мемонад. Тарҳи стратегияи иттилоотии интихобкарда ва мақсади асосии он комилан равшан аст ва метавонад дар иқтибос аз  суханони  М.Кабирӣ дар бораи он ки Паймон барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ омода аст, ки ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод кунад, ифода ёбанд: «Бояд муайян кард, ки чӣ ва ё кӣ дар роҳи пешрафти мамлакат монеаи асосӣ мебошад. Мо фикр мекунем, ки ин худи ҳукумат аст».

Ошкоргӯии М.Кабирӣ равшан нишон медиҳад, ки моҳият ва қувваи асосии таҳриккунандаи Паймон барои ба таври мақсаднок сарнагун кардани сохти констиутсионӣ нигаронида шудааст.

Он чи баён шуд, асос барои хулоса аст, ки Паймони миллӣ —  ин ҳамон ТТЭ «ҲНИ» мебошад, ки зери ниқоби нав талош дорад асли моҳияти террористӣ ва ҷиноятҳои содиркардаи худро пинҳон намояд. Ҳаминро бояд дар назар дошт, ки бо иваз шудани номаш ТТЭ «ҲНИ» нақшаҳои ҷиноятӣ ва алоқаҳояшро бо ташкилотҳои террористии байналмилалӣ  дигар  накардааст.

Маҳз ба ҳамин хотир, коршиносон чунин назар доранд, ки «аз тарафи  доираҳои сиёсии ғарбӣ роҳандозӣ гардидани бозиҳо бо ТТЭ «ҲНИ» ва созмон додани сохторҳои нав ба мисли «Паймони миллӣ», метавонад натиҷаҳои ҳузангезе дошта бошад. Дар ниҳояти кор, террористони «ҲНИ»-и тарбияёфта бо маблағҳои андозсупорандагони кишварҳои ғарбӣ ҳар лаҳза метавонанд аз назорат берун монанд, яроқи худро ба муқобили хоҷагонашон  равона кунанд, чунин ҳодисаҳо дар таърихи амалиётҳои пинҳонии хадамоти махсус аллакай буданд. Ва он вақт ТТЭ «ҲНИ» дар қалби Аврупо дарди саре мешавад, ки аз он ба осонӣ наметавон халос хӯрд».

То кунун ТТЭ «ҲНИ» ва ташкилотҳои бо он таъсиррасон аз пуштибонии хадамоти махсуси хориҷӣ истифода намуда, гоҳо бо иштироки худ саҳнаҳои масхараомез ташкил мекунанд. Онҳо аз дилхоҳ баҳона барои баланд бардоштани нуфузи худ дар назди хоҷагонашон истифода менамоянд. Дар ин масъала ТТЭ «ҲНИ» аз ДОИШ ҳам пеш гузаштааст.

Ҳамин тавр, дар асоси маълумоти ВАО, аз оғози паҳншавии пандемияи коронавирус ДОИШ ба аъзоёни худ бо даъват муроҷиат кард, ки  «аз рафтан ба Аврупо даст кашанд, зеро дар он ҷо онҳо метавонанд мубталои бемории коронавирус шаванд. Дар хабарномаҳо ба аъзои ташкилоти террористӣ тавсия медиҳанд: «пӯшидани даҳон ҳангоми хамёза кашидан ё атса задан», мунтазам шустани дастҳо, инчунин «супоридани тақдири худ ба Худо ва ҷустани паноҳгоҳ аз ӯ».

Саркардаи ТТЭ «ҲНИ» М.Кабирӣ, хамон тавр ки қаблан гуфтем ҳамзамон роҳбари «Паймони миллии Тоҷикистон», аз ҳадд гузаронида, 25 март дар Интернет 10 пешниҳоди аз нигоҳи худаш барои Тоҷикистон муҳимро «оид ба пешгирии оқибатҳои буҳрони дар пешистода, ки ба паҳншавии коронавирус алоқаманданд», ҷой дод.

Дар тимсоли онҳо дар ҷои чорум аз рӯи аҳамиятнокии худ, шояд аз рӯи мантиқи фаҳмишаш, ӯ мессеҷро муайян намуд, ки бо беҳайёии номаҳдуд ва беномусии ошкоро ба ҳайрат меорад. Аз ҷумла, Кабири талаб дорад «ҳамаи зиндониёни аз 60-сола боло, новобаста аз муҳлати ҳабс, вазнинии модда ва дигар нишондиҳандаҳо озод карда шаванд. Онҳое, ки аз ин синн хурдтаранд, агар ҷиноятҳои вазнин накарда бошанду барои ҷомеа хатар надоранд, озод ва ба ҳабси хонагӣ гузаронида шаванд. Ҳамчунин, барои беҳбудии фазои сиёсӣ ва рӯҳӣ дар мамлакат ….» аъзои ТТЭ «ҲНИ» озод карда шаванд. Дар омади гап, даъвати маъмулии «баланд бардоштани музди маоши кормандони тиб, духтурон, кормандони хурди тиббӣ, ки дар сафи пеши мубориза бо коронавирус қарор доранд», дар зинаи 9-уми рӯйхати саркардаи ТТЭ «ҲНИ» ё ба ном «чораҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пешгирии оқибатҳои пандемияи коронавирус» қарор дода шудааст.

Дар ин замина ҳодисаи тақаллубкории шахсии М.Кабирӣ оид ба фурӯши ғайриқонунии беморхонаи сироятӣ дар яке аз ноҳияҳои назди пойтахт шабоҳати нангин дорад. Тавре дар ВАО омадааст: «Моҳияти таърихи ҷиноят дар он аст, ки дар рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ ҳодисаи азхудукунии ғайриқонунӣ ва фурӯши минбаъдаи иморати сохташудаистодаи клиникаи сироятӣ дар деҳоти Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ошкор гардид. Ин иморати нимсохтаи беморхона барои 500 ҷой бо  ҳудуди  гирду атрофи он бар хилофи қонунгузории Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шуд ва шахсан аз ҷониби М.Кабирӣ хусусӣ гардонида шуда, баъдан қисман бо роҳи сохтакории созишномаи туҳфа ба панҷ нафар фурӯхта шуд. Онҳо дар навбати худ бо роҳи сохтакорӣ заминро ба касони дигар фурӯхтанд. Ин тарҳи тақаллубкорӣ аз ҷониби тафтишот ошкор шуд ва аз рӯи ҳалномаи судӣ шахсони ба ин ҷиноят дастдошта соли 2011 ба муҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд. Ҳама, ба истиснои М.Кабирӣ, ки аз рӯи шартҳои хусусигардонӣ ӯ барои сохта тамом кардани беморхона ва ба фаъолият оғоз кардани он мутасаддӣ буд.

Имрӯз ин одам, саркардаи ТТЭ «ҲНИ» М.Кабирӣ, бе ягон зарра эҳсоси хиҷолат барои Тоҷикистон «чораҳои аввалиндараҷа ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус» тарҳрезӣ мекунад ва сазовори кафкӯбиҳои роҳбари радиои «Аврупои Озод/Радиои Озодӣ» Ҷейм Флай ва ҳатто аъзои департаменти давлатии элитаи сиёсии ғарбӣ мегардад. Тавре ки мегӯянд, ин ҷо ниёзе ба шарҳ нест. Ва ҳатто ба ном «стандартҳои дугона» қодир нестанд, то ғубор ва таассуроти нохуш аз ин манзараи манфурро аз байн баранд.

                                                                   Мухаметов Ғафур Бобоевич,
                                 декани факултети филологияи руси ДМТ,
                                 профессор

Манбаъ — ЦентрАзия. 08.04.2020с.

ДАР АКС: силоҳи биологии соли 2020: чӣ гуна террористон пандемияи коронавирусро истифода мебаранд. Аксҳо аз Агентии иттилоотии федералӣ

Апрель 9, 2020 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо Департаменти ҷамъиятии бехатарии шаҳри Нанкини Чин густариш меёбад