COVID-19 ДАР ҶАҲОН. Франсия аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус аз Чин пеш гузашт

Апрель 6, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Франсия шумораи шахсони гирифтор ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 92 ҳазору 839 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 16 ҳазору 183 нафар ва 8 ҳазору 78 касро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, Франсия баъд аз Испанияву Италия ва Германия чорумин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти охирини Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,2 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 262 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 69 ҳазор тан гардид.

Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 336 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.

Испания дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 131 646 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 128 ҳазору 948 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ  мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 15 887 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Германия — 100 123, Франсия — 92 839, Чин — 81 708, Эрон — 58 226, Британияи Кабир — 47 806, Туркия – 27 069, Швейтсария — 21 100, Белгия – 19 691, Нидерланд – 17 851, Канада – 15 512, Австрия – 12 051 ва Бразилия — 11 281 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 77 078 нафар, Испания – 38 080, Германия – 28 700, Италия – 21 815, Эрон – 19 736, Франсия – 17 977, ИМА – 16 183, Кореяи Ҷанубӣ – 6 598, Швейтсария – 6 415 ва Белгия – 3 751 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (15 887 нафар), Испания (12 641), ИМА (9 618), Франсия (8 078), Британияи Кабир (4 934), Чин (3 603), Эрон (3 331), Нидерланд (1 766), Германия (1 584) ва Белгия (1 447) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

 

АКС аз Пьер-Филипп Марку/AFP

Апрель 6, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»