COVID-19. Дар Осиёи Марказӣ шумораи гирифторони коронавирус ба 627 нафар расид

Апрель 1, 2020 09:28

ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи гирифторони коронавирус дар се давлати Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) низ мебошанд, зиёд шуда, мутаносибан 348, 172 ва 107 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 2337 ҳолат, Украина – 645, Арманистон – 532, Молдова – 353, Озарбойҷон – 298 ва Беларус – 152 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 121 нафар, Беларус — 47, Арманистон — 30, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 24, Молдова — 18, Украина – 10, Ӯзбекистон – 7 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 17 ҳолат, Украина – 17, Озарбойҷон – 5, Молдова – 4, Арманистон – 3, Ӯзбекистон — 2, Қазоқистон — 2 ва Беларус — 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 196 нафарро ташкил медиҳад, ки панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 858 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 42 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 178 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 32 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 188 578 нафарро ташкил медиҳад.

Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 105 792 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 12 428 нафарро ташкил медиҳад.

Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 95 923 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Чин — 81 518, Германия — 71 808, Франсия — 52 128, Эрон — 44 605, Британияи Кабир — 25 150, Швейтсария — 16 605, Туркия – 13 531, Белгия – 12 775,  Нидерланд – 12 595,  Австрия – 10 180, Кореяи Ҷанубӣ — 9 887 ва Канада – 8 612 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 76 052 нафар, Испания — 19 259, Германия — 16 100, Италия — 15 729, Эрон — 14 656, Франсия — 9 444, ИМА — 7 251, Кореяи Ҷанубӣ — 5 567, Швейтсария — 1 823 ва Белгия — 1 696 нафар беморон  шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (12 428 нафар), Испания (8 464), ИМА (3 890), Франсия (3 523),Чин (3 305), Эрон (2 898), Британияи Кабир (1 789), Недерланд (1 039), Германия (775) ва Белгия (705) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 200 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Апрель 1, 2020 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид