Дар Академияи идоракунии давлатӣ доир ба роҳҳои пешгирӣ аз коронавирус семинар доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ«Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва устодону кормандон оид ба пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла короновирус семинар баргузор гардид.
Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода бобати хуруҷ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ иброз дошт, ки “имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро бемории сироятии COVID-19 ба ташвиш овардааст. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бо дарназардошти риояи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, хушбахтона, хуруҷи ин беморӣ то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аммо мо бояд фориғбол нашуда, тадбирҳои пешгирикунанда андешем”.
Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини қоидаҳои санитарӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва безараргардонии бино, ҳуҷраву синфхонаҳо дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди фаврӣ ташкил гардида, рӯзҳои истироҳатӣ бо ҷалби мутахассисони ширкати «Фавз» корҳои тамизгардонӣ анҷом дода шуданд.
Мудири дармонгоҳи Академия Намоз Исмоилзода иброз намуд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накардан, шустани дастон бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ ва собун, тозагии муҳити зист, истеъмоли оби ошомидании ҷӯшонидашуда, сари вақт муроҷиат намудан ба духтури оилавӣ ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ ва роҳ надодан ба худмуолиҷакунӣ аз ҷумлаи тадбирҳои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ мебошанд.
Мавсуф зикр намуд, ки шарти асосии пешгирии ин беморӣ- риояи қоидаҳои санитарӣ, тозагии манзили зист, муҳити атроф ва аз ҳамдигар дар масофаи як метр дуртар муошират намудан, бо даст салом накардан ва ғайра мебошад. Ҳамчунин таъкид гашт, ки тамоми тавсияҳои табибону мутахассисон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, ҳамарӯза аз тарафи мутахассисони дармонгоҳи тиббии Академия миёни устодон, кормандону донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






