Дар Хуҷанд барои гузаронидани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар асоси қарори раиси шаҳри Хуҷанд қариб 50 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Инчунин ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни мазкур тасдиқ шуданд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат даври аввали озмуни мазкур ҷараён дорад. Натиҷаи даври аввали озмун баъд аз баргузорӣ ба расмият дароварда шуда, бо имзои раису аъзои он тасдиқ ва нусхаю варақаи баҳогузорӣ, нусхаи сабти видеоӣ дар парвандаи ғолиби озмун нигоҳдорӣ ва барои даври минбаъдаи озмун пешниҳод мешавад. Ҳар як иштирокчие, ки натиҷаи баландро соҳиб мегардад, аз ҷониби ҳайати ҳакамон барои иштирок ба даври дуюм пешниҳод мегардад.
Аз ҷараёни баргузории даври аввали озмун ҳайати ҳакамон ба хулосае омадаанд, ки теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта афзудааст. Яъне озмуни мазкур аз ҷониби мардум ҳамовозии амиқ пайдо намуда, китобхонӣ миёни тамоми қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши сартосарӣ табдил ёфтааст.
Соли дуюм аст, ки дар мамлакат ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.
Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолӣ гузаронида мешавад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд






