Дар ноҳияҳои Рашту Файзобод ва Шамсиддини Шоҳин лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» амалӣ мешавад

Апрель 14, 2020 16:25

РАШТ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» бо иштироки муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва  менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода бо масъулини мақомоти маҳаллӣ ва ва сохторҳои тандурустии  ноҳияҳои Рашту Файзобод ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ки ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа ба ҳисоб мераванд, вохӯриҳо доир гардиданд.

Амалисозии лоиҳаи мазкур якчанд ҳадафҳои мақсаднокро дар назар дошта,  самтҳои афзалиятноки имрӯзаи соҳаи тандурустиро фаро мегирад ва барои тақвияти сиёсати соҳа дар раванди хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон мусоидат менамояд. Яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа-ин сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказӣ ва марказҳои саломатии ноҳияҳои таҷрибавӣ буда, онҳоро пурра бо таҷҳизоти муосир ва мебели тиббӣ таъмин менамояд. Ин амал беҳтаркунии инфрасохтори тандурустии ноҳияҳои Рашту Файзобод ва  Шамсиддини Шоҳинро таҳким мебахшад.

Зимни вохӯриҳо масъулин зикр намуданд, ки амалинамоии чорабиниҳои лоиҳа таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ тавассути таҳияи стратегияи банақшагирӣ ва тақсимоти кадрҳоро барои ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, аз ҷумла тавассути ба кормандони КАТС ва беморхонаҳо омӯзонидани масоили ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар марказҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар ин ноҳияҳои таҷрибавӣ дар назар дорад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз 29 марти соли 2019 оғоз гардида, то 31 августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Маблағи умумии лоиҳа 35,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3,2 миллион доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳа аз чаҳор қисмати амалисозӣ иборат аст. Аз ҷумла, беҳтар намудани хизматрасонии маҷмӯии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавӣ, такмил додани хизматрасониҳо дар бахши саломатии модару кӯдак ва беҳтаркунии инфрасохторҳо, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, идоракунии лоиҳа ва баҳодиҳӣ.

Апрель 14, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд