Дар ноҳияи Конибодом заминҳои наздиҳавлигӣ мақсаднок истифода мешаванд

Апрель 28, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини деҳаи Нурафшони Ҷамоати деҳоти Патари ноҳияи  Конибодом Мадамин Ҷӯраев таҷрибаи шоистаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ дорад. Сарвари хоҷагӣ ҳамроҳи ҳашт нафар аъзои оила, яъне фарзандону келинҳо дар замини наздиҳавлигӣ дар баробари кишти кабудию сабзавот, инчунин парвариши лимӯ, афлесун, мандарин ва кивиро дар гармхона ба роҳ мондааст.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар ин ноҳия ба таҷрибаи заминдории оилаи Ҷураевҳо мароқ зоҳир намуда, ба тарзи истифодаи заминҳои наздиҳавлигии сокинони ҷамоат баҳои баланд дод. Мавсуф зикр намуд, ки таҷрибаи чунин кишоварзон бояд дар тамоми минтақаҳои шаҳр роҳандозӣ карда шавад.

Оилаи Мадамин Ҷӯраев бо риояи маданияти заминдорӣ ва бардоштани ҳосили дилхоҳ аз он ҳам ризқу рӯзии хешро пайдо намуда, ҳам дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳм мегузорад.

Сокинони дигари ин ҷамоат низ заминҳои наздиҳавлигии хешро пурсамар истифода мебаранд. Аз ҷумла, Каримбой Ҳайдаров дар масоҳати 0,07 гектар парвариши картошкаро хуб ба роҳ мондааст. Ҳосили картошка нимаи моҳи май омода ва ба бозор бароварда мешавад.

Каримбой Ҳайдаров зимни суҳбат бо Раиси вилояти Суғд изҳор дошт, ки пас аз ҷамъоварии ҳосили картошка кишти зироати дигарро шурӯъ менамояд.

Деҳқони пуртаҷрибаи ин ҷамоат Каримбой Ҳайдаров, ки беш аз 30 сол инҷониб ба кишоварзӣ машғул аст, тасмим дорад дар як сол то се маротиба ҳосил  рӯёнад. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки сокинон ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ эътибори махсус зоҳир намуда, ҳар порча заминро самаранок истифода баранд.

 

Апрель 28, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд