Дар Тоҷикистон додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии хабарномаҳои гарав ройгон анҷом дода мешаванд

Апрель 11, 2020 11:38

ДУШАНБЕ, 11.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд дар Ҷумҳруии Тоҷикистон додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии хабарномаҳои гарав, иқтибос аз Феҳристи амвол ва бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гаравӣ ройгон анҷом дода мешаванд. Дар ин хусус ҳафтаи равон вакилони Маҷлиси намояндгони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР хабар медиҳад, масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 8 апрел таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар шаҳри Душанбе  доир гардид, муҳокима шуд.

Лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дар ҷаласа Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Гулбаҳор Назирӣ шарҳ доданд.

Зикр гардид, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо мақсади ройгон ҷорӣ намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии шартномаи гарав, додани иқтибос аз Феҳристи амволи ба гарав гузошташуда, бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқул, тибқи тартиби муқарраргардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

«Фароҳам овардани шароити мусоид барои бақайдгирии шартномаҳои гарав яке аз вазифаҳои давлат мебошад, ки барои рушди соҳибкории хурду миёна ва таъмини кафолати баргардонидани қарзҳои ташкилотҳои бонкӣ равона гардидааст»,- иброз дошт Фаррух Ҳамрализода дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон.

Ба гуфтаи мавсуф, ҷиҳати беҳтар намудани раванди бақайдгирии уҳдадориҳо вобаста ба молу мулки манқул соли 2018 Низоми иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ ба истифода дода шудааст, ки бақайдгирии бевоситаи гаравҳоро тавассути шабакаи интернет амалӣ мегардонад.

Иттилоъ дода шуд, ки низоми иттилоотии Феҳристи ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравӣ доимоамалкунанда буда, 24 соат дар шабонарӯз ва 7 рӯз дар ҳафта фаъолият менамояд.

Дар баробари ин, — гуфт Фаррух Ҳамрализода, мавҷуд будани боҷи давлатӣ имкон намедиҳад, ки ташкилотҳои қарзӣ бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гарави амволи манқулро ихтиёран амалӣ намоянд.

«Бинобар ин, бо мақсади пурра ҷорӣ намудани расмиёти бақайдгирии гарави амволи манқул ва ташкили шароити мусоид ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ, тибқи лоиҳа, як қатор муқаррароти марбут ба ин аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» хориҷ карда шуданд»,- гуфт Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои мавсуф, дар давоми панҷ соли охир дар маҷмӯъ зиёда аз 400 уҳдадории гаравӣ ба қайд гирифта, аз ин ҳисоб 8 ҳаору 500 сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт карда шудааст.

Вакили мардумӣ Гулбаҳор Назирӣ дар навбати худ иттилоъ дод, ки ҳангоми хориҷ намудани боҷи давлатӣ ва минбаъд ба тариқи ройгон фаъолият кардани низоми нави бақайдгирии гаравҳои молу мулки манқул ба беҳтар гардидани рейтинги мамлакат дар ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ — «Пешбурди тиҷорат» таъсири мусбат мерасонад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тариқи ройгон додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии хабарномаҳои гарав, иқтибос аз Феҳристи амвол ва бақайдгирии давлатии хабарномаҳои гаравӣ аз ҷониби вакилони мардумӣ дастгирӣ гардида, дар ин хусус қарори дахлдор қабул гардид.

Апрель 11, 2020 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд