ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хоруғ 1500 бех дарахт мешинонанд

Апрель 24, 2020 08:23

ДУШАНБЕ, 24.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсола дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 1500 бех дарахтон шинонида мешаванд, ки аз он 700 бех  дарахтони ороишӣ, 600 бех дарахтони сояафкан ва 200 бех дарахтони мевадиҳанда мебошанд.  То имрӯз дар ҳудуди шаҳр 600 бех дарахтони ороишӣ, 200 бех дарахтони мевадиҳанда ва 700 бех гули садбарг шинонида шудаанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар гармхонаҳои шаҳри Хоруғ, ки 240 метри мураббаъро ташкил медиҳанд,  навъҳои гуногуни гул кӯчат шудаанд. Дар  маҳаллаи  Тирчид дар масоҳати  82м2  гармхонаи замонавӣ сохта  шудааст, ки дар он гулҳои гуногун парвариш ёфта истодаанд.

Аҳолии шаҳри Хоруғ барои обёрӣ кардани заминҳои наздиҳавлигӣ аз каналҳои ба номи «Темур», «Додихудоев» ва «Шош  Хоруғи Поён»-и шаҳри Хоруғ истифода мебарад. Шурӯъ аз аввали моҳи марти имсол кормандони мақомоти шаҳрӣ ва вилоятӣ ҳар рӯзи шанбе ҳашарҳо гузаронида истодаанд. Барои таъмири канали «Темур» дар масофаи 200 метр дар маҳаллаи Бархоруғ ва 80 метр дар маҳаллаи Хичордев масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуда, кор дар каналҳои шаҳри Хоруғ давом дорад.

Ҳамчунин барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани истеъмолкунандагони шаҳр аз  71,2 км   хатҳои обгузар ва чор  манбаи обтаъминкунӣ истифода бурда мешавад.
Дар шаҳр 4 обанбор мавҷуд буда, ҳар яки онҳо нигоҳдории 2000м3 обро доро мебошанд, ки дар маҷмӯъ 8000 м3-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли оби нӯшокӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ва манбаъҳои обтаъминкунии шаҳр дар як шабонарӯз 12 537 м3 -ро ташкил медиҳад.

Апрель 24, 2020 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд