Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ то соли 2021 бояд ба 30% расонида шавад

Апрель 21, 2020 14:57

ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 662 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 102 ҳазору 175 нафар  кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дар мамлакат 26 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 5597 нафар кӯдакон нисбат ба соли таҳсили 2018-2019 зиёд гардидааст. Дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, новобаста аз мақом ва шакли ҳуқуқӣ ба 15,9% расидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҷумҳурӣ нокифоя арзёбӣ мегардад. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ бояд то соли 2021 ба 30% расонида шавад.

Дар ин хусус дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои  фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли равон иттилоъ дода шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар  медиҳад, дар ҷаласаи мазкур раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вазифадор  гардиданд, ки ҳамкориро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таҳким бахшида, ҷиҳати сохтмони муассисаҳои томактабӣ дар маҳалҳо ва ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои асосии таълиму тарбия дар соҳаи маориф буда, барои рушди кӯдак муҳити солими инкишоф фароҳам меорад.

Тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни  пешниҳоди Паёми  навбатӣ ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  26 декабри соли 2018 иброз доштанд, «мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам орем. Дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти мамлакат пешбинӣ гардидаанд».

Дар робита ба амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди тарбия ва таълими томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар самти таъсиси маркази инкишофи кӯдак корҳои муайян амалӣ гардиданд. Агар соли 2018 1697 адад чунин марказ бо фарогирии 46 ҳазору 360 нафар кӯдак фаъолият карда бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли таҳсили 2019-2020 ба 1771 адад расид, ки дар онҳо 49 ҳазору 721 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи мактуби дастурии вазорат сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф муваззаф гардида буданд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳатман марказҳои инкишофи кӯдакро ташкил намуда, ба ин восита дар фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ саҳмгузорӣ намоянд.

Инчунин дар ин самт «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардидааст, ки вобаста ба сари вақт иҷро намудани бандҳои он нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ шудааст.

Дар марҳилаи  аввали барномаи мазкур — солҳои таҳсили 2019-2022 таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба амалӣ намудани барномаи мазкур,  бозомӯзии мутахассисон барои таҳсилоти томактабӣ (гурӯҳҳои 6-сола) аз ҳисоби омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, такмили маҳорати касбии мутахассисон ҷиҳати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълиму тарбия дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар марҳилаи дуюм-солҳои 2022-2025 дар баробари сохтмони муассисаҳои томактабӣ омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави педагогӣ: педагог-равоншинос, педагог-логопед, сурдопедагог, тифлопедагог ва  тайёр намудани мутахассисон барои марказҳои инкишофи кӯдак ва дигар шаклҳои имконпазир дар назди коллеҷҳои омӯзгорӣ дар назар аст.

Ҳамчунин Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикитсон барои ҷалби кӯдакон ба кӯдакистон ва барои иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 як зумра барномаҳоро рӯи кор гирифтааст, ки  ҳадафи он низ таъсису бунёди муассисаҳои томактабӣ, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандон ва баргардондани биноҳои муассисаҳои томактабӣ ба ҳолати аввалаашон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон иброз доштанд, ки «то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешаванд».

Дар акс кӯдакистони №153

Апрель 21, 2020 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои шахсӣ дар рушди китобдории миллати тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ» ҳамоиш доир шуд
Пагоҳ дар Душанбе Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон баргузор мешавад
Соли 2027 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Покистон баргузор мегарданд
«АЗ СУЛҲИ ТОҶИКОН ТО СУЛҲИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
«Барномаи рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, рассомӣ, санъат ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Аз ҳудуди ноҳияи Данғара ёдгории нодири меъмории мансуб ба асрҳои IX–XII ёфт гардид
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид