Филми телевизионии «Осимӣ» барандаи ҷои аввали Ҷоизаи байналмилалии «Annie Award» гардид

Апрель 24, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 24.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Филми коргардони амрикоӣ Крис Шуллер — «Осимӣ» дар бахши филмҳои телевизионӣ дар Амрико сазовори  зинаи аввали Ҷоизаи байналмилалии «Annie Award» гардид. Филми мазкур дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти  давлатию ҷамъиятии яке аз арбобони барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, шахсияти бузурги миллати тоҷик, файласуф, шарқшиноси маъруф, академик Муҳаммад Осимӣ (1920-1996) нақл мекунад. Ин филм ду сол муқаддам аз ҷониби  коргардони амрикоӣ Крис Шуллер  дар Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ бо санъати баланди филмофарӣ ба навор гирифта  шудааст. Филми «Осимӣ» бо забони англисӣ  ва бо зерматни (титри) тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва испанӣ таҳия гардидааст.

Сазовори  ҷои аввали Ҷоизаи байналмилалии «Annie Award» гардидани филми телевизионии «Осимӣ» дар ҳолест, ки моҳи сентябри соли равон дар Тоҷикистон 100-солагии  академик Муҳаммад Осимӣ ҷашн  гирифта мешавад.

Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ муддати 23 сол  Президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аъзо-корреспонденти Академияи  фанҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аъзои ҳақиқии Академияи фанҳои ҷумҳурӣ буд. Доктори илми фалсафа, профессор Муҳаммад Осимӣ 1 сентябри соли 1920 дар шаҳри Хуҷанд  таваллуд шуда, соли 1941 шуъбаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқандро муваффақона  хатм намуда, аз соли 1941 то соли 1946 дар сангарҳои набард зидди истилогарони фашистӣ иштирок намудааст. Солҳои 1952-1955 дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди Кумитаи Марказии Ҳизби  Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда, дар соҳаи фалсафа рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунад. Соли 1966 нахустин ректори Институти политехникии Тоҷикистон таъйин шуда, дар рушду нумуи ин боргоҳи илм хизматҳои шоиста мекунад.

Муҳаммад Осимӣ соли 1965 президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон интихоб  гардида, дар тарҷумаи тоҷикии китобҳои дарсии физика, геометрия, астрономия, асосҳои фалсафаи марксистӣ-ленинӣ низ хизмати босазо кардааст. Муҳаммад Осимӣ ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин депутати Шӯрои Олии СССР, аъзои КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Раиси ҷамъияти «Дониш»-и ҷумҳурӣ, раиси Кумитаи шӯрои омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, аъзои хориҷии ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Таърихи илми араб»-и Донишгоҳи шаҳри Ҳалаби Сурия буд.

Академик Муҳаммад Осимӣ барои хизматҳои шоён дар назди халқу ватан бо ордени Ленин, ду ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», орденҳои «Револютсияи Октябр», «Ситораи сурх», «Нишони фахрӣ», «Барои меҳнати шуҷоатнок» мукофотонида шудааст. Ҳамзамон Муҳаммад Осимӣ дар таъсису ташаккули Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, ки нахустин ректори ин даргоҳи маърифат буд, саҳми босазо гузоштааст. Аз ин рӯ соли  1997 Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ гузошта шуд.

Апрель 24, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
Қаҳрамонони мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam-2024» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«РОЗА ВОСТОКА». Маҳина Нурова аз Тоҷикистон сазовори Шоҳҷозаи ин фестивал гардид
Дар Тоҷикистон марҳилаи нави корҳои бостоншиносӣ оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд баргузор гардид
«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид