«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Хоруғ даври аввали ин озмун оғоз гардид

Апрель 22, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бо иштироки кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳайати ҳакамон ва омӯзгорону донишҷӯён даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.

Дар ин бора аз шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Озмун дар толори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ гузашта, аъзои ҳакамон ба иштирокчиён маслиҳатҳои муфиду зарурӣ доданд.

Тибқи ҷадвали озмун, ҳайати комиссия лаёқат, малака ва маҳорати довталабонро аз рӯи шартҳои зерин (мувофиқи ҷадвали меъёрҳои баҳогузории замимашуда) баҳогузорӣ мекунад:

барои аъзои фаъоли китобхона;

тарзи нақл ва оҳанги қироати иштирокчӣ;

— мавзӯъҳои инсондӯстӣ, хайру саховат, некию накӯкорӣ, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, Ватану ватандӯстӣ, Тоҷикистон, сулҳу субот;

аз худ кардан ва хондани осори адабиёти классикӣ, муосир, бачагона ва хориҷӣ (тарҷума ва ё асл) озод аст;

намунаҳои эҷодиёти халқ: афсона, қисса, рубоӣ, достон, чистон, тезгӯяк, латифа ва ғайра;

-аз рӯи хондани назм ва насри бадеӣ;

-шарҳи мухтасари асар;

-маълумот оид ба қаҳрамонони асосии асар;

-баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар;

-озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ;

-ҳунари ровигӣ;

-қобилияти луғатдонӣ ва тавзеҳи он;

-дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар;

-таассуроти довталаб аз хондани осор.

Дар номинатсияи шоирӣ, ки имсол ба озмуни мазкур илова гардид, ба довталаб барои таълифи жанрҳои шеърии зерин баҳогузорӣ карда мешавад:— 1 достони мукаммал (дар вазнҳои анъанавӣ, аз ҷумла ҳазаҷ, рамал, мутақориб);

— 30 ғазал (дар вазнҳои суннатии арӯз, аз қабили рукнҳои солими хафиф, ҳазаҷ, раҷаз, рамал)
— 20 рубоӣ;
— 10 дубайтӣ;
— 5 мустазод;
— 3 мухаммас,
— 2 мусаддас;
— 4 қасида;
— 5 шеъри сафед;
— 10 суруди ватандӯстона;
— 4 тарҷеъбанд;
— 3 таркиббанд.

Натиҷаи даври аввали озмун ба расмият дароварда шуда, бо имзои раису аъзои он тасдиқ ва нусхаю варақаи баҳогузорӣ, нусхаи сабти видеоӣ дар парвандаи ғолиби озмун нигоҳдорӣ ва барои даври минбаъдаи озмун пешниҳод мешавад.

Ҳар як иштирокчие, ки натиҷаи баландро соҳиб мегардад, аз ҷониби ҳайати ҳакамон барои иштирок ба даври дуюм пешниҳод мегардад.

Апрель 22, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд