Гулрӯ Ҷабборзода бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагии Вазорат дар Россия суҳбати мустақили интернетӣ доир намуд

Апрель 9, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Федератсияи Россия ва ҷорӣ гардидани карантин дар ин кишвар ташкилоту муассисаҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва бозорҳо дар аксар шаҳрҳои калони ин давлат, бахусус Москва ва Санкт — Петербург, ки ҳиссаи бештари муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шаҳрҳо рост меояд, муваққатан то 30 апрели соли ҷорӣ аз фаъолият бозмонданд. Омили мазкур сабаби эҷоди мушкилот дар фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давлат, аз ҷумла тамдиди муҳлати будубош, патент ва бокортаъминшавии онҳо гардидааст. Доир ба ин мушкилоти ҷойдошта 7 апрел Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо роҳбарият ва ҳайати кормандони намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират суҳбати мустақили интернетӣ доир намуд.

Зимни суҳбати корӣ роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволже, Сибир, Ҷануб ва Шимолу Ғарби Федератсияи Россия, шаҳрҳои Москва ва Санкт- Петербург роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия ба вазир ҳисобот доданд.

Ҳамчунин дар асоси супориши вазир дар намояндагӣ ситоди корӣ ва навбатдории доимӣ таъсис дода шуда, кормандон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар ҳамдастӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъиятҳои тоҷик дар ин давлат мунтазам кор бурда истодаанд.

Дар интиҳои машварати корӣ бо назардошти таҳлилу баррасии вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ -шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия вазир барои ҳалли мушкилоти мавҷуда ба кормандони Намояндагӣ супоришҳои мушаххас дод.

Апрель 9, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад