Иқдоми наҷиб дар Исфара: Соҳибкор Икромиддин Шарипов 1,2 км роҳи маҳаллиро мумфарш менамояд

Апрель 27, 2020 11:04

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Исфара, соҳибкори маҳаллӣ Икромиддин Шарипов тасмим гирифт, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 км роҳи кӯчаҳои Додохон Шарипов ва Садриддин Айниро ба маблағи 750 ҳазор сомонӣ мумфарш намояд. Дар расми мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Раиси вилоят зимни иштирок дар оғози корҳои мумфаршкунӣ бо ёдоварӣ аз густариши бунёдкорию созандагӣ дар вилоят саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард.

“Ташаббуси соҳибкороне, чун Икромиддин Шарипов шоистаи пайравӣ аст ва ҳар фарди ватандӯст бояд ба қадри имкон дар ободонии як гӯшаи диёр саҳм гузорад,-гуфт раиси вилоят.

Ёдовар бояд шуд, ки корҳои мумфаршкунӣ аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳри Исфара анҷом дода мешаванд.

Апрель 27, 2020 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд