Имрӯз дастаҳои футболи «Кӯктош» ва «Хуҷанд» бо ҳам рақобат мекунанд

Апрель 22, 2020 16:20

ДУШАНБЕ, 22.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии охирини  даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ-   «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Хотиррасон  менамоем, ки рӯзҳои истироҳатӣ 4 бозии даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ доир шуданд. Дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода- барандаи медалҳои биринҷии мавсими гузашта дар майдони худ дастаи  «Истаравшан»-и шаҳри Истравшанро бо ҳисоби 4:1 мағлуб намуд.

Дар ҳайати дастаи «Регар-ТадАЗ» Шероз Муҳаммадиев ва Диловаршо Ғаниев дуголӣ ба нишон расониданд. Голи дастаи футболи  «Истаравшан»-и   шаҳри Истравшанро  Илҳомҷон Баротов зад.

Вохӯрии дигар миёни дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Душанбе-83»-и Душанбе  ва «Файзканд»-и ноҳияи  Восеъ мусовӣ анҷом ёфт – 0:0. Бо ин ҳисоб  дастаи  футболи «Душанбе-83» дар Лигаи олӣ аввалин хол ба даст овард. Бозии марказии даври сеюм миёни дастаҳои  пешсаф  – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  сурат гирифт, ки ғолиб муайян нашуд. Дастаҳо баробар – 2:2 бозӣ карданд. Ҳисобро дар дақиқаи 9-ум бозингари дастаи   «Хатлон»   Парвиз Боқиохунов кушод. Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 32 ҳисобро баробар кард.  Қабл аз танаффус Умарҷон Шарифов тӯби дуюмро вориди дарвозаи   «Истиқлол» кард. Бозингарони дастаи  «Истиқлол»  дар вақти иловагӣ тавонистанд аз бохт раҳо ёбанд. Дар дақиқи 90+5 сардовар Насрулло Кабиров пеналтӣ таъйин кард, ки онро Манучеҳр Ҷалилов бехато иҷро намуд.

Дар бозии дигар  дастаи  КМВА бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Аввалин ғалабаи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров, Дилшод Восиев ва Нодирбек Иброҳимов таъмин карданд. Голи  дастаи  «Локомотив-Помир»-и Душанберо дар ин дидори ҷолиб Ислом Зоиров ба ҳадаф расонид.

Дар  бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон, ки 11-12 апрел дар варзишгоҳҳои  мамлакат сурат гирифтанд, дастаҳои  футболи «Локомотив-Помир»-и  Душанбе  ба «Душанбе-83»-и  Душанбе  бо ҳисоби 1:0, «Истиқлол»-и Душанбе ба  КМВА бо натиҷаи 2:0, «Хатлон»-и Бохтар ба «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби  3:2 «Кӯктош»-и ноҳияи  Рӯдакӣ  бар  «Истаравшан»  бо натиҷаи  3:0  ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ба «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби   3:2  ғолиб омада буданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3.

Голҳо: Худойдод Узоқов, 20 (0:1). Сорбон Авғонов, 35 (0:2). Санҷар Рисхибоев, 47 (1:2). Парвиз Баки-Ахунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

«Истиқлол» — КМВА  2:0

Голҳо: Алишер   Ҷалилов, 19 ва Шериддин Бобоев, 86

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 –пеналти (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Изатулло Рузиев, 75 – (худгол).

Б Ғ М Б Т Х
1 «Истиқлол» (Душанбе) 3 2 1 0 11-2 7
2 «Хатлон» (Бохтар) 3 2 1 0 7-5 7
3 «Файзканд» (Восеъ) 3 1 2 0 5-4 5
4 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 2 1 1 0 3-0 4
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 3 1 1 1 6-4 4
6 «Локомотив-Помир» (Душанбе) 3 1 1 1 4-5 4
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 1 0 1 5-4 3
8 КМВА (Душанбе) 3 1 0 2 4-6 3
9 «Душанбе-83» (Душанбе) 3 0 1 2 0-8 1
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 3 0 0 3 2-9 0

Ҳамаи ин бозиҳои    Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ    дар  варзишгоҳҳои мамлакат бе иштироки тамошобинон гузаронида мешаванд. Мухлисони футболи тоҷик метавонанд ин вохӯриҳоро тариқи  телевизионҳои  ватании   «Варзиш» ва «Футбол»  тамошо кунанд.

Апрель 22, 2020 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад