«ИННОВАТСИЯ – БАРОИ ОЯНДАИ «САБЗ». Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ бо истифодаи шабакаҳои виртуалии интернетӣ таҷлил мешавад

Апрель 26, 2020 09:06

ДУШАНБЕ, 26.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Инноватсия барои ояндаи «сабз»»-таҳти чунин унвон соли равон ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳниро таҷлил менамояд. Тавре Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ иттилоъ додааст, дар робита ба паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон бо назардошти талаботи ҳифзи саломатии ҷомеа чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз бо истифодаи шабакаҳои виртуалии интернетӣ баргузор карда мешаванд.

Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо ИСМОИЛЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд, ки Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) сентябри соли 2000 Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳниро таъсис дод ва аз соли 2001 то инҷониб ҳамасола он дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Воқеан, ин сана тасодуфан интихоб нагардидааст, чунки маҳз 26 апрели соли 1970 Созмони умиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ таъсис ёфта буд.

Ба нақли номбурда, ҳамасола таҷлили Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ба ягон мавзӯъ бахшида мешавад. Дар ин рӯз чорабиниҳои тантанавӣ, намоишгоҳҳои мавзӯӣ, дар доираи он масъалаҳои муаррифии моликияти зеҳнӣ ба ҷомеа, нақши моликияти зеҳнӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон ба монанди фарҳанг, санъату адабиёт, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ,  фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ ва рушди инноватсионӣ матраҳ карда мешаванд.

СУМЗ Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳниро соли 2018 таҳти шиори «Қувваи пешбарандаи тағйирот: занон дар соҳаи инноватсия ва эҷодиёт» таҷлил намуд, ки дар он масъалаҳои саҳми занон дар рушди моликияти зеҳнӣ, заҳматҳо ва ҷасорати онҳо дар тағйирдиҳии ҷаҳон ва ояндасозӣ  матраҳ шуданд.

Соли 2019  ин рӯз таҳти унвони «Ба даст овардани тилло: моликияти зеҳнӣ ва варзиш» таҷлил гардид, ки дар он шиносоии наздиктари ҷаҳониён ба самти варзиш, таҳқиқи навовариҳо ва ихтироъҳо дар соҳаи варзиш ва мусоидат ба рушди соҳа баррасӣ шуд.

Мирзо Исмоилзода зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ дар доираи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистн ва дигар нақшаву барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати рушди соҳаи моликияти зеҳнии мамлакат чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ яке аз роҳҳои  рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти мамакатро рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ арзёбӣ намуда, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотонии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳоро дар истеҳсолот вазифаи аввалиндараҷа таъкид намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти ҷумҳуриро ба соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин менамояд.

Самтҳои моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се сохтори давлатӣ, аз ҷумла Вазорати фарҳанг (ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он), Вазорати кишоварзӣ (навъҳои нави растаниҳо) ва МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ихтироот, тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ) дахл доранд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз ҷониби МД «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду соли охир якчанд чорабиниҳо, аз қабили баргузории конференсияи минтақавӣ ва «Форуми ихтироъкорон  ва навоварон» таҳти унвони «Аз ихтироъ то инноватсия», Озмун — Фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон- созандагони Ватан», «Озмуни ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018», Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол» ва дигар чорабиниҳо, ки ба рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ мусоидат намуданд, баргузор карда мешаванд.

Ҳамасола бо супоришҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе озмунҳои навоварону ихтироъкорон барои ҷавонон, ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор карда мешаванд, ки ин ба рушди соҳаи моликияти саноатӣ, аз ҷумла ба ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҷомеа аз соҳаи моликияти зеҳнӣ мусоидат менамояд.

Ҷиҳати баромадан ба арсаи байналмиллалӣ ва муаррифии дастовардҳои навоварон ва ихтироъкорони ҷумҳурӣ соли 2019 корҳои мусоидаткунанда барои иштироки занҳои ихтироъкори мамлакат дар Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон дар шаҳри Сеули  Кореяи ҷанубӣ ва иштироки наврасону ҷавонони мамлакат дар Универсиадаи патентии Авруосиёгии «Нигоҳ ба сӯи оянда» анҷом дода шуда, натиҷаҳои мусбат ба бор оварданд.

Илова ба ин, солҳои 2018-2019 ҷиҳати тарғиби соҳа барои доираи васеи шаҳравандони мамлакат, аз ҷумла толибилмони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва миёна, ихтироъкорон ва навоварон машваратҳои фаҳмондадиҳӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ баргузор карда шуданд.

Соли равон дар партави нақшаҳои ояндасоз ва сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти шиори «Ҷавонон- муҳаррики инноватсия» ва якчанд машваратҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда мешаванд.

Аз ҷониби дигар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва МД «Маркази миллии патенту иттилоот» дар доираи як зумра озмунҳо ва чорабиниҳо ҳамасола онҳоеро қадрдонӣ менамояд, ки бо хирад ва офаридаҳои хеш, эҷоди тахайюлот ба зиндагӣ ва ҷомеаи имрӯза баҳри манфиати ҳама инсонҳои рӯи замин фаъолият менамоянд ва дастовардҳои зеҳнии хешро ба манфиати халқ равона менамоянд.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, олимону эҷодкорон аз ҷониби муассиса дар ду сол як маротиба Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад, ки то имрӯз 22 ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби медали тиллоии (СУМЗ), 13 нафар соҳиби медали тиллоии ба номи В.И. Блинникови Идораи патентии Авруосиёгӣ («Барои саҳмгузорӣ дар фаъолияти ихтироъкорӣ ва патентӣ») ва 26 нафар ихтироъкорони ҷумҳурӣ соҳиби «Нишони фахрӣ»-и Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд.

Дар намоишгоҳи байналмилалии «Занҳои ихтироъкори ҷаҳон», ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Кореяи ҷанубӣ баргузор мегардад, 44 ихтирои 34 бонуи ихтироъкори ҷумҳуриро пешниҳод шуданд, ки он сазовори 15 медали тилло, аз ин миқдор 2 медали тиллои СУМЗ, 3 медали тиллои Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии мардумии Чин, Таиланд ва германия, 18 медали нуқра, 13 адад медали биринҷӣ, ҳамчунин 2 Гранприи Асотсиатсияҳои ихтироъкорони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ва Таиланд, 1 Ҷоизаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 1 Ҷоизаи аввалини Ҷумҳурии исломии Эрон ва 1 Ҷоизаи махсуси Индонезия ҳамчун «Беҳтарин зани ихтироъкор» қадрдонӣ карда шудаанд.

Дар самти ихтироъкорӣ то имрӯз 2334 ариза пешниҳод шуда, аз онҳо 1577 ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ ба қайд гирифта шуда, бо ҳуҷҷати ҳифозатӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба рушди минбаъдаи  низоми миллии моликияти саноатӣ, механизми амалигардонии сармояи зеҳнӣ, ташкили инфрасохтори дастгирӣ, усулҳои ҳавасмандгардонӣ, ташкили заминаи ҳуқуқии тиҷоратикунонии моликияти зеҳнӣ ва равандҳои инноватсионӣ чораҳои мушаххасро ба нақша гирифтааст.

Дар интиҳо Директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода кулли ихтироъкорону навоварон, адибону рассомон, санъаткорону нависандагон ва онҳоеро, ки дар рушди моликияти зеҳнӣ саҳм мегузоранд, бо Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон,  Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ табрик гуфта, зикр кард, ки «воқеан, моликияти зеҳнӣ асоси тараққиёт ва пешравии ҷомеа буда, бо гузашти садсолаҳо тамоми ҷаҳон аз ҳунари волои ихтироъкорон, навоварон, адибон, рассомон, санъаткорон ва дигарон, ки бо офаридаҳои худ ҳаёти мардумро рангину гуворо месозанд, баҳрабардорӣ намуда, маҳсули зеҳнии онҳо — маҳорату хиради худододи эшонро қадрдонӣ менамоянд».

Апрель 26, 2020 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд