Кӯлоб: баъди ба фурӯш баровардани тухми фабрикаи мурғпарварии «Саман» дар шаҳр нархи ин маҳсулот паст шуд
КӮЛОБ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Боиси хушҳолист, ки баъди ба фаъолият оғоз намудани фабрикаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саман» дар шаҳри Кӯлоб тухм, ки яке аз маҳсулоти серхаридор маҳсуб мешавад, дар бозорҳои шаҳр фаровон гардида, бо нархҳои арзон пешниҳоди сокинон мегардад. Агар пештар 30 дона тухм 27-28 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло арзиши он ба 21-22 сомонӣ фаромадааст. Харидорон бо нархи дастрас маҳсулоти босифати маҳаллӣ харида метавонанд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов хабар медиҳад, соҳибкорони шаҳри Кӯлоб дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб фабрикаи парандапарварӣ ба истифода доданд, ки аллакай маҳсулоти он дар бозору марказҳои савдо пешниҳоди сокинон мегардад. Фабрикаи мазкур моҳи сентябри соли 2019 фаъол гардида, дар он таҷҳизоти муосири соҳавӣ васлу насб шудааст.
Тавре соҳибкор Масидиқ Одинаев иттилоъ дод, барои ба истифода супоридани чунин фабрикаи муосир Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саман» давоми панҷ сол мутахассисонро дар дохил ва хориҷи мамлакат омода намуд. Мутахассисони ҷавон баъди анҷоми таҳсил муосиртарин таҷҳизоти соҳаро интихоб ва барои бунёди фабрика ҷои мувофиқ интихоб намуданд. Навад фисади амалиёт дар он тариқи автоматӣ сурат мегирад. Ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва қоидаҳои нигоҳубини паранда қатъиян риоя мегарданд. Директори фабрика Холмуҳаммад Одинаев афзуд, ки дар навбати аввал дар фабрикаи мазкур қисмати якум ба кор дароварда шудааст, ки дар он 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Аз оғози фаъолияти фабрика 40 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Баъди бо иқтидори пурра фаъол шудани он шумораи коргарон ба 200 нафар мерасад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафи чорум- саноатисозии босуръати мамлакат аз ҳама роҳу воситаҳо истифода мебарад. Аз ҷумла, барои соҳибкорон дар бунёду фаъолгардонии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ имтиёзҳо муқаррар гардидааст. Ин аст, ки давоми як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо коргоҳу корхонаҳои бузург мавриди истифода қарор гирифтанд.








БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






