Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар Хуҷанд барои ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонписарон вохӯриҳои судманд ташкил менамояд
ДУШАНБЕ, 12.04.2020 /АМИТ /«Ховар»/. Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла, мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонон Заррина Манонова ва Олимҷон Норматов силсилаи вохӯриҳо дар маҳаллаҳо бевосита бо волидайни сарбозон доир мегарданд. Зимни мулоқот ба ҳозирин дастгирии давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди миллӣ, сол аз сол беҳтар шудани шароити хизмати аксарон ва муҳимтар аз ҳама, дар фазои озоду ободи ҷумҳурӣ хизмат кардани ҷавонписарон фаҳмонида мешавад.
Зимни вохӯриҳо таъкид мегардад, ки ҳимояи марзу буми давлат вазифаи имонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки ҷавони бонангу ор буда, бояд дар ин ҷода волидон роҳнамо ва дастгири фарзандон бошанд.
Дар ин росто баргузор шудани чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ бевосита дар қисмҳои низомӣ, аёдати волидон аз рафти хизмати фарзандон, силсилаи барномаҳои телевизионӣ барои самаранок бурдани маъракаи даъват мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрел мавсими нави даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, аллакай дар баъзе ноҳияҳои мамлакат нақшаи даъват ба иҷро расид. Сол то сол ифтихори миллии ҷавонписарон боло рафта, аксаран бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ мераванд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






