Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: роҳҳои мошингард ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда аз барф тоза мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайи боридани барфи шадиди шабонарӯзи гузашта дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе масъулини сохторҳои дахлдор ба тоза намудани роҳҳои мошингард ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шурӯъ намуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Давоми шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон бинобар боридани барф ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 10 апрел ҳаво дар ҷумҳурӣ номусоид боқӣ монда, боридани борони ба барфи тар табдилёбанда пешгӯӣ мешавад.
«Дар ин замина барои анҷом додани корҳои пешгирикунанда дар самти ҳифзи аҳолӣ аз рух додани ҳодисаҳои табиӣ, алалхусус ҳангоми ҳаракат тариқи роҳҳои кӯҳӣ, аз ҷониби наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо кормандони вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт ва филиали ширкати «IRS» навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шуд»,- афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, дар роҳҳои мошингарди «Душанбе-Чаноқ» «Душанбе –Лахш» ва «Душанбе–Хоруғ» нуқтаҳои навбатдорӣ ташкил гардида, навбатдории шабонарӯзӣ идома дорад.
-Ҳадафи ягонаи мо,- гуфт Умеда Юсуфӣ, дар ин рӯзҳо таъмин намудани бехатарии шаҳрвандон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо мебошад.
«Гарчанде бориши пуршиддати борон дар минтақаҳои мамлакат ҳамоно идома дошта бошад ҳам, шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи роҳандозии корҳои пешгирикунандаи масъулин ягон ҳодисаи табиӣ ба қайд гирифта нашудааст»,- афзуд мавсуф.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки дар доманакӯҳҳо зиндагӣ мекунанд, муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз роҳандозии корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳезум, баромадан ба шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
«Зеро бориши зиёди борону барф хатари омадани сел, фаромадани ярч, тарма ва сангрезиро дар ин муддат зиёд мегардонад»,- гуфт Умеда Юсуфӣ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудлофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар ҳолати пайдо шудани муроҷиат ва сар задани ҳодисаҳои табиӣ ба рақами навбатдории «112» дар тамос шаванд.










607 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд






