Маркази миллии тестӣ муҳлати бақайдгирии марҳилаи асосии бақайдгирии довталабонро то 30 апрел тамдид кард

Апрель 15, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии  марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ имсол то 30 апрел тамдид карда шуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи дархосту муроҷиатҳои шаҳрвандон ва зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати бақайдгирӣ тамдид гардид. Яъне раванди бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ ҳамзамон аз 16 то 30 апрел ба роҳ монда мешавад.

Довталабоне, ки аз қайд гузаштаанду хоҳиши иваз кардани интихобҳои аввалин, аз ҷумла гурӯҳи ихтисосҳо, комбинатсияи ихтисосҳо, бартарии интихоби комбинатсияи ихтисосҳо, забон ё макони имтиҳонсупорӣ, маълумоти шахсии худро доранд, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он сабти ном шуда буданд, муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои зарурии зеринро пешниҳод намоянд:

— шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);

— варақаи бақайдгирии марҳалаи асосии бақайдгирӣ;

— расиди пардохти маблағи иловагӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Тибқи таҳлилҳо, аз 2 март то 11 апрел дар ИМД-2020 ва бақайдгирии довталабон шумораи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумии синфи 11, ибтидоӣ ва миёнаи касбии номнависшуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 5- тиб, биология ва варзиш 137,1 %, гурӯҳи ихтисосҳои 4- ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ 136,1% ва гурӯҳи ихтисосҳои 3-филология, педагогика ва санъат 113,5%-ро аз нақшаи қабули ҳар яке аз ин гурӯҳҳо ташкил медиҳад. Шумораи довталабони бақайдгирифташуда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 1- табиӣ ва техникӣ ҳамагӣ 60,64% ва дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 2- иқтисод ва география 79,05%-ро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи гурӯҳҳои ихтисосҳои 5, 4 ва 3 хеле кам аст.

Инчунин ба шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд гузаштан мехоҳанд, тавсия медиҳем, ки пеш аз номнависӣ бо маълумоти омории зикршуда шинос шуда, ҳангоми интихоби гурӯҳ ва комбинатсияи ихтисосҳо донишу маҳорати худ, ҷойҳои ҷудошударо дар муассисаҳои таълимӣ мувофиқи нақшаи қабул ва талаботи бозори меҳнат ба эътибор гиранд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои даври 1-уми азнавбақайдгирӣ 25 (бисту панҷ) сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ятимони кулл ва бепарасторони то 21-сола, инчунин маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, аз пардохти маблағи мазкур озоданд.

Апрель 15, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд