Модари даъватшаванда аз Муъминобод Арафамо Мардонова: «Ба писарам гуфтам, ки ҳимояи Ватан-Модар шарафи бузург аст ва он на ба ҳар кас муяссар мегардад»

Апрель 6, 2020 14:20

МУЪМИНОБОД, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат оғоз гардида, аксари ҷавонон бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия оид ба пайвастан ба сафи Артиши миллӣ муроҷиат мекунанд. Дирӯз дар майдони Сомонии ноҳия таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» бо иштироки волидон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамоиш баргузор шуд. Падару модарон бо як самимият фарзандони худро ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намуданд.

Чун анъана дар ин рӯз дар ноҳияи Муъминобод беш аз 30 нафар ҷавонони синни даъватӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бо парафшонии парчами давлатӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, баъди муоинаи тиббӣ бо дуои неки падару модарон ба қисмҳои низомӣ гусел карда шуданд.

Дар заминаи таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ба камол расонидани онҳо сол аз сол шумораи ҷавонони ихтиёран ба хизмати Ватан раҳсипор зиёд мегардад. Дар маъракаи «Рӯзи даъватшаванда» роҳбарияти ноҳия ва дигар иштирокдорон оид ба шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳарф зада, иброз доштанд, ки бо дастгирии Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар қисмҳои ҳарбӣ шароити мусоид фароҳам ва таъмини моддию техникӣ хеле беҳтар гардидааст. Хизмати ҳарбӣ  ҳамчун мактаби матонату далерӣ дар ҳаёти ҳар шахс нақши муҳим дорад.

Дар маърака раиси ноҳия Тоҳирхон Амиршозода ба падару модароне, ки фарзандони худро ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир намуда буданд, сипосгузорӣ намуда, гуфт, ки “ҳар фарди ҷомеа вазифадор аст ватани худро ҳифз намояд ва дар таҳкими марзу буми он саҳм гузорад. Мо низ кӯшиш намуда истодаем, ки бештар бо ҷавонон вохӯрӣ гузаронида, аз шароити имрӯзаи қисмҳои низомӣ, моҳияти хизмат бар Ватан-Модар, ватандӯстию меҳанпарастии ҷавонон сухан гӯем”.

Модари даъватшаванда Арафамо Мардонова  иброз дошт: «Ман фарзанди дуюмамро ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоям ва ифтихор дорам, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит дар қисмҳои низомӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҳоло ҳар як ҷавон метавонад озодона хизмат намояд. Фарзанди якумам аз қисми низомӣ шикоят надошт ва боварӣ дорам ин писарам низ шикоят нахоҳад кард. Ман ҳам аз Сарвари давлат миннатдорам, чунки дар фазои сулҳу субот ва давлати осоишта умр ба сар мебарем. Ба фарзандам ҳангоми гусел ба  сафи Артиши миллӣ  гуфтам, ки «химояи Ватан-Модар шарафи бузург аст ва он на ба ҳар кас муяссар мегардад».

Комиссари ҳарбии ноҳия, майор Меҳрангез Умаров  мегӯяд, ки  «имрӯз даъвати баҳории ҷавонон  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ноҳия мушкилӣ надорад ва бештари ҷавонон ба комиссариати ҳарбӣ бо хоҳиши худ муроҷиат мекунанд».

Мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Абдулло Раҷабов дар робита ба иҷрои ҳаққи фарзандӣ дар назди Ватан иброз дошт, ки «маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар ҳар  ҷабҳа дастгирӣ менамоянд ва пайваста аз ҷавонон ифтихор доранд. Мо низ ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҳамеша ватандӯсту қавиирода бошем ва дар ҳимояи марзу буми ватан саҳм гузорем».

Зикр шуд, ки барои омода кардани ҷавонони ҷисману рӯҳан солим давоми се моҳи соли равон аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  гузаронида шуданд, ки ин тадбир дар ниҳоди ҳар як ҷавони бо ору номус ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандориро бедор намуд.

Даъватшаванда Абуалии Абдухолиқ  мегӯяд, ки «ман тасмим гирифтам бо хоҳиши худам ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, қарзи фарзандиамро ба ҷо оварда, Ватанро ҳимоя намоям. Имрӯз  хизмати ҳарбӣ дар ҳар як қисми низомӣ озод аст ва шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамсолони худро даъват месозам, ки  хизмати ҳарбиро содиқона ба ҷо оранд ва  ба ватани азизу маҳбуби худ содиқ бошанд».

Дар хатми ҷамъомад аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия ба наваскарон либосҳои варзишӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Инчунин барномаи рангини ҳунармандон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Апрель 6, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид