«МУКОФОТҲО БАЪД!». Маросими асосии кинофестивали Канада «Ин тасвир…», ки дар он коргардони тоҷик барандаи ҷоиза гардид, бинобар коронавирус мавқуф гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба пандемияи коронавирус, ки 11 март аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон гардида буд, маросими асосии Кинофестивали 19-уми байналмилалии Канада «Ин тасвир…» («Picture this… film festival» — PTFF 2020) ба муҳлати номуайян ба таъхир гузошта шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти кинофестивал хабар медиҳад.
Тавре АМИТ Ховар қаблан иттилоъ дода буд, баргузории чорабиниҳои асосии кинофестивал, аз ҷумла маросими ҷоизасупории ғолибон 1-3 апрел дар шаҳри Калгарии Канада ба нақша гирифта шуда буд.
«Ин тасмим ба хотири ҳамаи меҳмонон, волонтёрон, меҳмонони доимӣ ва кормандон пеш гирифта шуд. Мо маълумоти навро дар бораи таъхири ҷашнвора ва вақти баргузории маросими ҷоизасупорӣ ҳарчи зудтар пешниҳод хоҳем кард», — иттилоъ доданд аз хадамоти матбуоти фестивал.
Ёдовар мешавем, ки коргардони кинои тоҷик Ҷумъа Рустамӣ низ ҷоизадори ин кинофестивал гардид. Филми кӯтоҳметражи ӯ «Инъикос», ки нақши асосиро худи коргардон бозидааст, дар номгӯи «Иҷро» ғолиб гардид. «Филм, ки дар шабакаи телевизионии «Синамо» аз рӯи асари классики адабиёти форсу тоҷик Носири Хусрав ба навор гирифта шудааст, дорои мазмуни фалсафист», — гуфт Ҷумъа Рустамӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар зер номи ғолибон ва ҷоизадорони кинофестивал оварда мешавад:
Ҷоизаи Доди Шпиттал
«Синдроми Фрейзер ва ман» (ИМА)
Филми ҳуҷҷатӣ то 15 дақиқа
Ҷоиза: «Роҳи имконпазир» (Канада)
Ифтихорнома: «Чарли дар соҳили баҳр» (Канада)
Ифтихорнома: «Қасос» (Канада)»
Филми ҳуҷҷатӣ аз 15 то 60 дақиқа
Ҷоиза: «Синдроми Фрейзер ва ман» (ИМА)
Ифтихорнома: «Нури умед» (Финландия)
Филми ҳуҷҷатӣ аз 60 дақиқа боло
Ифтихорнома: «Ҷаҳони шаффоф» (Гурҷистон)
Фоҷиа (драма) то 15 дақиқа
Ҷоиза: «Бародари ман» (Юнон)
Ифтихорнома: «Бозӣ» (Франсия)
Фоҷиа (драма) аз 15 то 30 дақиқа
Ҷоиза: «Шумо волейбол бозӣ мекунед?!» (Эрон)
Фоҷиа (драма) бештар аз 30 дақиқа
Ҷоиза: «Муҳориба» (Россия)
Аниматсия
Ҷоиза: «Пэчворк» (Испания)
Иҷро
Ҷоиза: «Инъикос» (Тоҷикистон)









Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад






