Оқибатҳои тармаи роҳи «Душанбе-Варзоб» бартараф ва ҳаракати мошинҳо дубора таъмин шуд
ДУШАНБЕ, 13.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 13 апрел аз сабаби боридани барфи шадид дар километри 60-уми роҳи мошингарди «Душанбе-Варзоб» тарма фаромада, роҳ ва маҷрои дарёро баст. Дар як муддати кӯтоҳ оқибатҳои тарма бартараф ва ҳаракати мошинҳо дубора таъмин карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои бартараф намудани оқибатҳои тармафароии мазкур кормандони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷудо намудани техникаи зарурӣ сафарбар гардиданд.
Барои таъмини бехатарӣ дар километри 62-юми роҳи «Душанбе – Айнӣ» наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба таври шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.
Кумита ба сокинони мамлакат ҳушдор додааст, ки то охири ҳафта боридани борон пешгӯӣ гардида, дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма, резиши санг ва боло рафтани сатҳи оби дарёҳо аз эҳтимол дур нест.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон хоҳиш менамояд, ки ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу партов ва лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҷуйборҳо ҷорӣ шуда, ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои кишт зарар нарасонад.
Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва чорводорӣ худдорӣ намоянд. Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ронандагон бояд тамоми қоидаҳои ҳаракатро дар роҳро риоя намуда, хусусан суръати ҳаракатро баланд насозанд.
Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягона- 112 ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо рақами 93 880 28 19 ва 223 13 11, инчунин Раёсати КҲФ дар ш.Душанбе:
225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05, 2-78-28
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
(83522) 2-40-57, 2-53-47
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72, 5-15-5
дар тамос шаванд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






