Пагоҳ дастаҳои футболи «Душанбе-83» бо «Истиқлол» ва КМВА бо Хуҷанд» бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Душанбе-83»-и Душанбе ва «Истиқлол»-и Душанбе баргузор мешавад. Бозии мазкур бидуни иштироки мухлисон сурат мегирад. Мавзӯи мазкурро мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Вохӯрии дастаҳои футболи «Душанбе-83» ва «Истиқлол» бояд дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат баргузор мешуд, вале бо маслиҳати дастаҳо бозии мазкур дар Душанбе доир мегардад.
5 апрел мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардида буд. Дастаҳои нави Лигаи олӣ – «Локомотив-Помир»-и Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ байни ин дастаҳо хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби мусовӣ- 2:2 анҷом ёфт.
Дар вохӯрии дигар дастаи «Хатлон»-и Бохтар бар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳамчунин дидори дастаҳои футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби мусовии 0:0 хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ду бозии дигари даври якуми Чемпионати Тоҷикистон 8 апрел доир мегарданд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар меҳмонӣ бо дастаи КМВА бозӣ карда, дастаи «Душанбе-83»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе рақобат мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 1-ум давр
«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2
Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).
5 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1
Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).
5 апрел. Ҷалолиддин Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.
«Куктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0
5 апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».
8 апрел (чоршанбе)
Оғози бозӣ 18:00
«Душанбе-83» – «Истиқлол»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе
КМВА – «Хуҷанд»
Душанбе, Варзишгоҳи КМВА ВМ ҶТ
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






