Пахтакорони Суғд азм доранд дар беш аз 60 ҳазор гектар кишти чигит гузаронанд

Апрель 2, 2020 16:08

ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол пахтакорони вилояти Суғд азм доранд дар майдони беш аз 60 ҳазор гектар кишти чигит гузаронанд.

Дар вилоят  корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат гирифта,  дар майдонҳои 7 ноҳияи пахтакор, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод беш аз 15 навъи тухмиҳои пунбадона кишт мешаванд. Инҳо асосан тухмиҳои маҳаллӣ — «Хуҷанд-67», «Ориёӣ» ва «Ирам-1», ҳамчунин тухмиҳои навъи воридотии хориҷӣ, аз қабили чинии  «Синтзян» ва «Тиннян», туркии «Флеш» ва «Глория» мебошанд. Дар ин бора аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд.

Зикр гардид, ки то  31 март дар  миқёси вилоят дар масоҳати 345 гектар, аз ҷумла дар ноҳияи Конибодом 204 га, Бобоҷон Ғафуров 56 га ва Ашт 55 га чигит кошта шудааст. Пахтакорони вилоят азм доранд бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ ҳарчӣ зудтар маъракаи кишти пунбадонаро ба анҷом расонанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта пахтакорони вилоят дар майдони 57 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида, ба ҷойи 129 050 тонна дар маҷмӯъ 140 283 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд.

Апрель 2, 2020 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд