Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Тибқи таълимоти дини мубини ислом саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти ӯ аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст»

Апрель 23, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи Рамазони имсола, илова ба бемории хатарноки коронавирус, ба давраи авҷи кишту кори баҳорӣ ва ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ баробар омад.  Возеҳу равшан аст, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом, саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст.  Яъне мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз зимни Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баён доштанд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар натиҷаи рӯзи дароз ташнаву гурусна будан масунияти бадани одам паст шуда, онро ба қабули ҳар гуна бемориҳои сироятӣ осебпазир мегардонад. Аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.

«Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми мамлакат, инчунин таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд. Чунин одамон набояд ба ризқу рӯзии аъзои оилаашон зомин шаванд ва саломативу ҳаёти онҳоро таҳти хатар гузоранд»,-афзуданд Президенти мамлакат.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «агар имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳсӣ ба вуҷуд меояд. Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд».

Апрель 23, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд