Профессор Гулчеҳра Ҳоҷиматова: «Олимаҳои тоҷик бо дастовардҳои назарраси илмӣ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда тавонистанд»

Апрель 14, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /. АМИТ «Ховар»/. Суханронии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо аҳли зиёи мамлакат, ки 18 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, як консепсияи мушаххаси таҳлилию таҳқиқии афзалиятнок ба ҳисоб меравад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ  фарогири  масъалаҳои аз байн бурдани тафаккури  кӯҳна ва ворид шудан  ба  тафаккури техникиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ,  мулоқоти мазкур барои олимону таҳқиқотчиёни мамлакати мо  ва раванди таълиму тарбия  падидаи навест, ки қобили қабули   аҳли зиё, олимзанони тоҷик  ва дилбохтагони сармояи илму маърифат гардидааст.

Ин нуктаро  мудири кафедраи «Методикаи таълими  забон ва адабиёти русӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Гулчеҳра  ҲОҶИМАТОВА дар Рӯзи илми тоҷик, ки 14 апрел дар саросари мамлакат таҷлил мегардад,  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд. Дар зер андешаҳои пурраи ин олими тоҷикро пешниҳоди хонандагон мегардонем:

-Таҷрибаи зиндагӣ нишон медиҳад, ки ҳама бузургону мардумони одии  ҷаҳон машҳуру  соҳибқирон  шудани  худро  аз модар медонанд. Пас  зан-модар сарчашмаи  хушкнашавандаи  илму дониш, рӯҳу  равон ва ҳастии  рушди  Ватану кишвару ҷаҳон аст, ки мо ҳама бояд ба ин олиҳаи  зиндагӣ имону эҳсон дошта бошем. Модар нахустин устод, роҳнамо, мураббӣ ва таҳлилгару таҳқиқотчии  ҳоли мардони дунёи илму маърифат аст, ки баракати зиндагӣ аз ӯ сарчашма   мегирад.

Ин аст, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як  мулоқот  бо занону духтарони касбу кори гуногун, олимону омӯзгорон, табибону донишҷӯён ва адибон  таъкид намуданд, ки «занону духтарон на танҳо дар тавлид ва таълиму тарбияи насли наврас, балки дар тамоми  паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа  бояд неруи тавоною  муқтадир ва ташаббускори ободӣ  ва пешрафту шукуфоиҳо будани худро пайваста собит намоянд».

Инчунин Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон зикр карданд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятнокии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътиқоди калон дорем…». Гуфтаҳои боло ба чунин маънист, ки Ҳукумату давлати Тоҷикистон ба неруи тавонои занон эътиқоди калон дорад, ки ин аз мо, занон масъулияти баланд ва заҳматҳои пайвастаро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тақозо мекунад.

Дар ҳақиқат, имрӯз  мавқеъ  ва мартабаи зани тоҷик  на танҳо дар таълиму тарбия ва ба камол расонидани фарзанд, балки   дар таҳқиқоти соҳаҳои  гуногуни  илм ва  сатҳи  роҳбарикунандаи  давлатдорӣ   хеле назаррас аст. Маҳсули  корҳои илмии  олимзанони   тоҷик  баъди ба даст овардани  истиқлолияти давлатӣ  бо бисёр ҷоизаву ифтихорнома ва  патентҳои  байналмилалӣ қадрдонӣ  гардида, Тоҷикистони азизро  дар арсаи байналмилалӣ   муаррифӣ карда тавонистанд.

Дар баробари ин, қабули як қатор  барномаву санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дигар  ҳуҷчатҳои расмӣ  аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, ба монанди  Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022 занону бонувони мамлакатро  водор  менамояд, ки  саҳми шаҳрвандии худро дар  тамоми соҳаҳои  ҳаёт гузоранд.

Мояи ифтихор аст, ки имрӯз бо мақсади баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон ва фароҳам овардани замина ва баҳодиҳии муносиб ба нақшу мақоми занону духтарон дар илму фарҳанги миллӣ, аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати  Тоҷикистон корҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки ин иқдоми  бузург дар  масири  таълиму тарбия ва  ба камол  расонидани наслҳои оянда муҳимияти хос  дорад.

Яке аз масъалаҳои  хеле рӯзмаррае, ки аз ҷониби  Пешвои миллат  дар мулоқот бо аҳли зиё мавриди таваҷчуҳи  мутахассисони соҳаи   забоншиносӣ қарор ёфт, ин масъалаи «осори хаттии забонҳои гуногун, пеш аз ҳама,  забонҳои қадимаи ориёӣ, ҳиндӣ,  юнонӣ, арманӣ, арабӣ, чинӣ  ва русӣ  вобаста  ба таърих, адабиёт ва фарҳанги  тоҷикон аст, ки бояд ҷамъоварӣ  гардида, ба забони тоҷикӣ  тарҷума ва дастраси  хонандагон карда шавад».   Масъалаи мазкур  солҳои тӯлонӣ сабаби баҳси  мутахассисону коршиносони ватанӣ   қарор дошт, вале  роҳҳои ҳалли он  мушаххас набуданд. Акнун ин дастур сабаби он мегардад, ки хонандаи тоҷик  бо забони давлатӣ  бо  фарҳангу тамаддуни   халқияту миллатҳои мухталиф шинос мегардад.

Инчунин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «таърих, забон, фарҳанг, расму оин ва маданияти либоспӯшии миллӣ  арзишҳои ҳувиятсоз буда, оламиён мову шуморо, қабл аз ҳама,  аз рӯи ҳамин сифатҳо мешиносанд  ва эътироф мекунанд». Дарвоқеъ, ҳидоятҳои дар боло зикршуда заминаи асосии  раванди ҳувиятсозӣ  ва ташаккули шинохти давлати миллӣ мебошанд, ки  дар амалӣ гардидани онҳо  нақши зан-модар хеле барҷаста аст.

Пешвои миллат  дар масъалаҳои  вобаста ба таълиму  тарбия дар суханрониашон таҳлили хеле назариявию амалӣ доштанд, ки  тамоми  самтҳои ин соҳаро бо бурду бохташон баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, Академияи таҳсилот ва Пажӯҳишгоҳи  рушди маорифро дар сохтори  Вазорати маориф ва илм муаззаф намуданд, ки «Академияи  таҳсилот ба масъалаи  дурнамои рушди  маориф бояд диққати аввалиндараҷа дода, доир ба мақоми мактаби муосир, сатҳу сифати китобҳои дарсӣ ва омӯзиши масъалаҳои  педагогикаи муосир ворид кардани ғояҳои давлатдории миллӣ  ва арзишҳои ҳувиятсози халқамон дар китобҳои дарсии фанҳои   ҷамъиятиву  гуманитарӣ, раванди таълим, таносуби соатҳои  фаннӣ, усулҳои фаъоли таълим, роҳҳои самараноки  омӯзиши фаннҳои  табиӣ, риёзиву дақиқ ва ташаккули зеҳнияти  хонандагону донишҷӯён пешниҳоди мушаххас  манзур намоянд».

Албатта, чунин дастуру  роҳнамоиҳо  ба раванди  таълиму тарбия ва   тайёр намудани  кадрҳои   баландихтисос  таъсири мусбат расонида, мавқеи  устод, шогирд ва мутахассисони соҳаи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятиву гуманитариро  устувортар  мегардонад. Аммо барои дар амал татбиқ   намудани ин арзишҳои  ҳувиятсоз тарбиятгар бояд,  пеш аз ҳама, таълимдида бошад ва худро  ҳамчун намунаи ибрат муаррифӣ карда тавонад.

Дар ин ҷо бояд зикр кард, ки яке аз сабабҳои  рушд наёфтани  фанҳои  табиию риёзӣ ва дақиқ низ ба  муносибати омӯзгор ва таъмин набудани  шароити ташкили корҳои  лабораторӣ ва  дигар таҷҳизоти ёрирасони илмӣ  вобастагӣ дорад. Инро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат  барои  аз байн бурдани камбудиву норасоиҳо ба мақомоти  марбута дастуру  супоришҳои мушаххас доданд.

Апрель 14, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
МЕҲРГОН-ИДИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Ин ҷашни бостонии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
САНЪАТИ РУБОБСОЗӢ ВА РУБОБНАВОЗӢ. Ин асбоби мусиқии миллии тоҷикон ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд
Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид