«Робияи чилгазамӯ» дар «Чакомаи гесӯ» ба рӯи саҳнаи Кохи фарҳанги Ҳисор баромад

Апрель 1, 2020 11:35

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар  Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор Фестивал-озмуни  «Ҷакомаи гесӯ» доир гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок карда,  ҳунари худро муаррифӣ намуданд.  

Фестивал-озмуни «Чакомаи гесӯ» бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида мешавад. Ҳадафи озмун татбиқи сиёсати давлат дар самти дастгирии занону духтарон, қадршиносӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмини фаъолнокии онҳо, таҳкими нақш ва мақоми зан дар ҷомеа, тарғиби либосҳои миллӣ, ҳунарҳои ороишию машшотагӣ ва иҷрои нақшаи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020»  мебошад.

Фестивал-озмуни  «Чакомаи гесӯ» аз се бахш иборат буд. Дар бахши аввал иштирокдорони он ороиш ва мӯйбофии қадимӣ, ҳунари  машшотагӣ дар доираи расму оинҳои миллӣ, чун саршӯёну арӯсбаророн, майдабофӣ, зулфандозӣ, ҷамолакбандӣ, майдабофию панҷак, пилта, улама, силсила бо либосҳои хоси маҳалро ба намоиш гузоштанд.

Бахши дуюми озмун ба олами зебои афсонавӣ шабоҳат дошта, малоҳату тароват ва зебоии мӯй ба таври бадеӣ, дар асоси афсонаю ривоятҳо, амсоли «Робияи чилгазамӯ» намоиш дода шуданд.

Дар бахши сеюм, ки фарогири ороиши мӯй ва либоси замонавии муосир буд, тарзи замонавии ородиҳӣ дар омезиш бо усули қадимӣ нишон дода шуд.

Ҳунармандону ромишгарон бо пешниҳоди суруду таронаҳои ҷаззобу шӯх ва мусиқии дилнавоз табъи ширкаткунандагонро болида гардониданд.

Апрель 1, 2020 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд