РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ – АСОСИ РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКИИ ҶАВОНОН. Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои мамлакат наврасонро бо фаъолияти расадхонаҳо ва олами коинот шинос менамояд

Апрель 1, 2020 08:24

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо бардошт аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади рушд додани тафаккури техникии насли наврас миёни онҳо экскурсияҳо, вохӯриҳо ва дарсҳоро бо иштироки  олимони маъруфи Институт ташкил намоянд. Инчунин онҳоро бо фаъолияти расадхонаҳои Институт шинос намуда, ба воситаи телескопҳо осмони ситоразорро нишон медиҳанд. Ин матлабро директори Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Ба  гуфтаи олими тоҷик, ҳоло дар Институти астрофизика бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд фаъолият дорад ва минбаъд олимон  сафарбар карда мешаванд, ки ҳарчи бештар барои ҷавонон ва ҳавасмандон аз фанни астрономия дарсҳои шавқовар ташкил намоянд. Аллакай дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» синфхонае ташкил шудааст, ки дар он барои наврасони атрофи расадхона ва деҳаи Шарора мунтазам дарсҳои ҷолиби маърифатии илми астрономия ба роҳ монда шудаанд. Инчунин дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» барои хонандагон, мактаббачагон ва дӯстдорони илми астрономия  пайваста вохӯриҳо ва экскурсияҳо гузаронида мешаванд.

Олимони Институт чун дигар олимони мамлакат аз мулоқоти таърихие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯзи эҳёгару ҳаётбахш  бо кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зиёиён ва эҷодкорони мамлакат баргузор карданд, илҳоми тоза гирифта, сиёсати созандагию бунёдкорӣ, андешаҳо ва  ташаббусҳову  ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакатро дастгирӣ менамоянд. Имрӯз олимони ин даргоҳ барои пешрафти илми астрономия дар зинаҳои гуногуни рушди маънавии ҷомеаи илмии мамлакат, махсусан дар байни  насли ҷавон талош менамоянд.

«Дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат масъалаҳои мухталифи илмӣ, рушд ва такомули илму маориф баррасӣ гардиданд. Мақсад аз талошҳои Пешвои миллат фароҳам овардани шароит барои олимони мамлакат ҷиҳати таҳқиқ ва фаъолияти пурсамари онҳо ба нафъи ҷомеа мебошад. Имкониятҳои маънавию зеҳнӣ ва истифодаи оқилонаи неруҳои илмии мамлакат барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои муосири иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф сафарбар мешаванд»,-илова намуд доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра Қоҳирова.

Дар вохӯрӣ бо  олимону зиёиён Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини имконият барои фаъолият ва рушди Академияи илмҳо ва муассисаҳои илмии он, донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар суханронии худ изҳор намуданд, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад ва  бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд.

Дар робита ба ин ҳамсуҳбат зикр кард, ки миллати мо аз миллатҳои асили дунёст ва таърих гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ниёгони мо барои наслҳои имрӯзу фардо тамаддуни бой ба мерос мондаанд. Сарвари хирадманди мамлакат,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф низ барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас пешбинӣ шуда, ин иқдом аз қадамҳои хеле устувор ва боварибахш хоҳад буд.

«Мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илму фарҳанги мамлакат барои рушду  таҳқими равандҳои илму дониш аҳамияти бузургро дорост. Дастурҳое, ки дар он ироа шуданд, ба эҳёи неруи маънавии мо мусоидат карда, дар ҷодаи такомули илм раҳнамо мегарданд. Умед дорем, ки бо неруи оқилонаи равшанфикрон ва дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат мо парчами илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, тараққиёти илм, техника ва технологияи муосирро боз ҳам неруманд мегардонем»,- хулоса кард директори Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.

Апрель 1, 2020 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

15 МАЙ- РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИҚЛИМ. Тағйирёбии иқлим аз ҷомеаи ҷаҳон ҳамкории устувор ва дурандешӣ тақозо менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ