«Саҳми бонувон дар рушди илм» — таҳти ин унвон дар Академияи миллии илмҳо конференсия баргузор гардид

Апрель 14, 2020 15:15

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи илми тоҷикро   14 апрел гурӯҳе аз олимони тоҷик ҳамчун рамзи эҳтиром бо гузоштани гулчанбарҳо дар пояи пайкара ва нимпайкараҳои қаҳрамонони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва олимони барҷастаи тоҷик С. Умаров ва М. Осимӣ оғоз намуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ гузориш медиҳад, ки баъд аз маросими гулчанбаргузорӣ дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Ҳилолбӣ Қурбонзода, роҳбарият ва олимони Академия таҳти унвони «Саҳми бонувон дар рушди илм» конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро президенти Академияи миллии илмҳо, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, аҳли илми мамлакатро бо иди касбӣ табрик намуд. Академик Фарҳод Раҳимӣ зикр кард, ки соли равон барои олимони тоҷик аз он лиҳоз фаромӯшнашаванда аст, ки маҳз ҳамин сол бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳо мақоми миллӣ дода шуд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба олимон  гувоҳӣ медиҳад.

Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Дилрабо Мансурӣ гуфт, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад, ки ин нишони қадршиносии давлату Ҳукумат ба заҳмати олимон мебошад. Рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва сатҳу сифати зиндагии мардум,  пеш аз ҳама, аз дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар  будани афроди ҷомеа вобаста мебошад.  Аз ин хотир кормандони соҳаи илмро зарур аст, то дар самти боз ҳам бомаърифат, соҳибкасбу соҳибҳунар намудани аҳли ҷомеа саҳми худро гузоранд. Таҷрибаҳои давлатҳои ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки маҳз таваҷҷуҳ ба илму маърифати занон, хосса ба илмҳои техникию риёзӣ  онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ пешрафта гардонидааст. Дар мамлакати мо низ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба бонувони пажӯҳишгар сол то сол бештар мегардад. Имрӯз дар соҳаҳои гуногуни мамлакат 116 нафар докторҳои илм ва 1124 нафар номзадҳои илм мавҷуданд. Аз ин шумора 15 доктор  ва 133 номзади илм дар соҳаи илмҳои дақиқ аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд, ин неруи бузурги созанда аст.

Муҳаммадӣ Сафолзода зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон вобаста ба мақом ва манзалати занон дар ҷомеаи навин иброз намуданд, ки занону бонувон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар фаъолият менамоянд. Мо минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб менамоем.

«Он тадқиқоту пажӯҳишҳо ва ихтирооте, ки аз ҷониби занон-олимони тоҷик  дар замони соҳибистиқлолӣ  ба даст омадаанд, назаррас буда, дар арсаи ҷаҳонӣ шарафи Тоҷикистонро боз ҳам баландтар бардоштаанд. Саҳми занони тоҷик дар фароҳам овардани фазои мусоид барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ, рушди тафаккури техникӣ, дар омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ низ калон аст. Умед дорем, ки дар Бистсолаи рушди омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ олимон-занони тоҷик бештар саҳм мегузоранд»,- иброз дошт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар конференсия олимону донишмандон дар бораи дастовардҳо, мушкилот ва рушди илми тоҷик, инчунин саҳми занон дар илми тоҷик маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар охири конференсия олимоне, ки дар рушди илми тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд, бо ҷоизаҳои АМИТ ба номи олимони барҷаста ва дипломҳо сарфароз гардиданд. Инчунин ифтихорномаҳо ба ректороне низ тақдим гардиданд, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои онҳо дар олимпиада барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб шудаанд. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо занон ва оила низ ба як зумра олимони академия мукофотҳои соҳавӣ тақдим карда шуданд.

Апрель 14, 2020 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии илмию техникӣ ҳамкориро густариш медиҳанд
Дар Душанбе Симпозиуми панҷуми байналмилалии фалак баргузор мегардад
Вобаста ба криосфера, иқлим ва захираҳои об конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон доир мегарданд
Сокинони ноҳияи Ховалинг соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома» мегарданд
Дар Ховалинг бошишгоҳи нави палеолитӣ бо таърихи 500 ҳазор сол кашф гардид
Дар Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» беш аз 30 филм намоиш дода мешавад
Операсароёни маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Стефания Мурино ва Фабио Каррери дар Хуҷанд сурудҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро намуданд
Туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия дар Осорхонаи миллӣ бо фарҳанги қадимаи миллати тоҷик аз наздик шинос гардид
Ба фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш 59 ҳазор нусха адабиёт ворид гардид
Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд