Сардори КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров: «Дар ҷумҳурӣ 160 корхона ба истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм машғуланд»
ДУШАНЕБЕ, 11.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2021» амалӣ мегардад. Ҳадафи барномаи мазкур афзун кардани истеҳсоли босифати тухм ва гӯшти паранда бо истифода аз технологияҳои муосир, беҳтаркунии зот, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин кам намудани хароҷоти изофа мебошад.
Мавриди зикр аст, ки тибқи дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2018 парандапарварони ҷумҳурӣ аз тамоми андоз ва боҷи гумрукӣ озод гардиданд, ки он яке аз заминаҳои пешравӣ дар соҳаи парандапарварӣ мебошад.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Машокир Назаров иброз намуд, дар ҷумҳурӣ 160 корхонаи парандапарварӣ фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли тухм ва гӯшти паранда машғул мебошанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки имсол иқтидори онро ба ҷалби сармояи ватанӣ ба 170 адад расонанд.
«Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 50 адад, дар вилояти Хатлон 15 адад ва Суғд 100 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият мекунанд. Имсол тибқи нақша шумораи корхонаҳои парандапарварӣ дар вилояти Хатлон зиёд карда мешавад»,- афзуд М.Назаров.
Ба гуфти М.Назаров, КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 60% маҳсулоти хӯрокии парандаро аз мамлакат дастрас ва захира намуда, 40% дигарро аз давлатҳои Қазоқистон, Латвия, Литва ва Федератсии Россия ворид менамояд. Он маҳсулоти хӯрокие, ки мо ворид мекунем, дар мамлакат истеҳсол намешавад, ба монанди орди лӯбиё, орди моҳӣ ва дигар намуди антибиотикҳо.
Корхона маҳсулоти истеҳсолнамударо тавассути мошинҳои махсусе, ки бо яхдон таъмин гардидаанд, ба марказҳои савдо бурда мерасонад.
Парандапарварӣ дар даҳсолаи охир яке аз соҳаҳои рушнамудаи мамлакат дониста мешавад. Он соҳаи самаранок ва сермаҳсули кишоварзӣ буда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки ҳадафи асосии Ҳукумат мебошад, нақши калидӣ дорад.
Соҳаи парандапарварӣ нисбат ба дигар бахшҳои соҳаи чорводорӣ бартариҳои зиёд дорад. Махсусан парвариши мурғ ва тухм. Барои истеҳсоли тухми мурғ ҳамагӣ чор моҳ ва гӯшти он ду моҳ лозим аст. Пас барои таъмини пурраи сокинони мамлакат бо гӯшти паранда, пеш аз ҳама, бояд теъдоди корхонаҳои истеҳсоли гӯшт ва ҳам парвариши мурғҳои гӯштӣ ва тухмгузорро зиёд намоем.
Ба андешаи соҳибкорони мамлакат, ҳоло истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм дар мамлакат рӯ ба афзоиш мебошад. Агар ба он талаботи мардум боз ҳам зиёд шавад, ин ба фоидаи парандапарварон мегардад. Зеро дар сурати талаботи зиёди мардум корхона иқтидори худро афзун менамояд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки гӯшти мурғ ва тухм дар мамлакат сол то сол зиёд гардида, дар баробари ин воридоти он низ баръало мушоҳида мешавад. Он маҳсулоте, ки аз беруни мамлакат ворид мегардад, чӣ бартарӣ дорад?
Мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеаи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Забирзода изҳор намуд, ки маҳсулоте, ки аз хориҷи мамлакат ворид мешавад, то ба дасти истеъмолкунанда расидан муҳлати муайянро пушти сар мекунад. Маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла гӯшти паранда ва тухм дар муддати кӯтоҳ ба мардум расонида мешаванд. Агар маҳсулоти гӯштӣ бисёр нигоҳдорӣ шавад, он гоҳ ҷиҳати фоидабахшии худро гум намуда, ба маҳсулоти пастсифат табдил меёбад. Дар ҳолати истеъмол намудани чунин маҳсулот инсон ба ҳар гуна беморӣ метавонад гирифтор шавад.
Мавсуф иброз намуд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар зерсохторҳои онро таъмини бехтарии маҳсулоти озуқаворӣ, ташхису назорати он бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ташкил медиҳад. Кумита бо мақсади амнияти маҳсулот дар мамлакат фаъолияташро дар самти байторӣ, зотпарварӣ, фитосанитарӣ ва карантин ба роҳ монадааст.
Имрӯз аз ҷониби кормандони амнияти озуқаворӣ дар тамоми мамлакат марказҳои бехатарӣ бунёд ёфтаанд. Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати молу маҳсулот ва хизматрасонӣ зарур аст, ки пешгирии воридот, истеҳсол ва фурӯши молу маҳсулоти бесифат ва ҷорӣ намудани низоми нави идоракунии сифат аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба корхонаҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашудаи ватанӣ мутахассисони он пайваста талош кунанд, ки бехатарии бозори истеъмолиро таъмин намоянд.
Баробари зиёд намудани гӯшти мурғ ва тухм фарҳанги истеъмоли гӯштро ба мардум фаҳмондан даркор аст. Аз ҷиҳати нарх низ он нисбат ба гӯшти чорво ду – се маротиба арзон мебошад, ки ин ба нафъи мардум аст. Нархи як килограмм гӯшти чорвои калон ё хурд гарон буда, на ҳама қудрати хариди онро дорад. Дар бобати ғизонокӣ гӯшти паранда аз гӯшти гову гӯсфанду буз қариб фарқе надорад.
Ба тавсияи табибон, гӯшти паранда парҳезӣ аст, онро ҳатто одамони бемориҳои фишори хун, диабети қанд ва ғайра низ истеъмол карда метавонанд. Инчунин гӯшти мурғ дорои 22% сафеда, витаминҳои А, H, К ва калий, калсий, мис, оҳан ва магний, ки ба ҷамъоварии миқдори мушакҳо мусоидат мекунанд ва яке аз ҷузъҳои муҳими парҳези бисёр варзишгарон мебошад. Онҳо ба таҳкими системаи дилу рагҳои хунгузар, беҳбуди изолятсия ва коркарди мағзи сар мусоидат мекунад. Инчунин гӯшти мурғ барои одамони гирифтори бемориҳои дил, рӯда ва камхунӣ муфид аст.
Яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи мардум- ин тухм мебошад, ки таввасути соҳаи парандапарварӣ ба даст меояд. Зеро тухм беҳтарин ғизои инсон ва асоси ҳаёт мебошад. Дар таркиби тухм ҳама маводи ғизоии барои саломатии инсон зарурӣ, витаминҳо, гармонҳо, макро ва микроэлементҳо мавҷуданд. Аз рӯйи меъёрҳои озуқаи инсон дар тамоми дунё тухм мавқеи хос дорад. Ҳар одами комил бояд рӯзе камаш ним дона тухм истеъмол намояд. Тухм бахусус барои кӯдакон маводи зарурӣ аст.
Пас, имрӯз моро зарур аст, ки аз ин маҳсулоти арзон ва ба саломатии мо манфиатовар истифода бурда, онро бештар истеъмол намоем. Дар ин ҳолат мо метавонем аз ҳисоби ин соҳаи зудрас амнияти озуқавории мамлакатро таъмин созем.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»