Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз шаҳри Турсунзода боздид намуд

Апрель 26, 2020 12:01

ТУРСУНЗОДА, 26.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 25 апрел ба  шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни  корҳои кишоварзӣ ва тадбирҳои истифодаи самараноки заминҳо шинос ва бо хоҷагидорону фаъолони шаҳр мулоқот доир намуд.

Сарвазири мамлакатро раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳамроҳӣ намуда, ҳамзамон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос кард.

Зикр гардид, ки дар шаҳри Турсунзода нақшаи кишти баҳорӣ 9128 гектар ва кишти такрорӣ 9375 гектарро ташкил медиҳад. Давоми соли равон дар шаҳри Турсунзода 340 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол ва пешниҳоди  бозори истеъмолии мамлакат  гардидааст.

Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ ва таъмини нақшаи кишт кишоварзони шаҳр самаранок меҳнат намуда, бо дарназардошти супориши Ҳукумати мамлакат вобаста ба  60 % зиёд намудани кишти такрорӣ дар шаҳр дар 9378 га кишти такрорӣ, аз ҷумла, ғалладонагиҳо 5426 га, зироати техникӣ 20 га, картошка 200 га, сабзавот 2380 га, полезиҳо 217 га ва хӯроки чорво 1135 га ба нақша гирифта шуда, барои иҷро ба хоҷагиҳо вобаста гардидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафар аввал бо фаъолияти хоҷагии тухмипарварии «Дӯстӣ»-и Ҷамоати деҳоти Қаратоғ шинос шуд. Ба Сарвазири мамлакат маълумот манзур гардид, ки хоҷагӣ дар 200 гектар пунбадона кишт намудааст, ки аз ин ҳисоб 20 гектари онро навъҳои таҷрибавӣ дар бар мегиранд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ва заминҳои ёрирасони президентии  Ҷамоати деҳоти Сешанбе, Навобод ва Ҷӯра Раҳмонов  Сарвазири мамлакат  аз заминҳои парвариши пиёз, бодиринг, помидор, қулфинай, картошка дидан намуда, бо ҷараёни корҳо дар  амалисозии тадбирҳои агротехникии хомток дар хоҷагии кишоварзии Боғи Сомон шинос шуд.

Дар ин замина ҷиҳати боз ҳам вусъат додани кор дар саҳро ва саҳмгузорӣ дар таъмини  амнияти озуқаворӣ ба хоҷагидорон  тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо хоҷагидорону фаъолон дар баробари шарҳи корҳои баҳорӣ ба ҳайси сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19»  вазъияти воқеии  ҷомеаи ҷаҳониро мавриди тавзеҳ қарор дод.

Апрель 26, 2020 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад