Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Ховалинг — мошинҳои сабукрави «Mercedes-Benz» ва «Opel»

Апрель 1, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 1.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 4  апрел  дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи  Ховалинги вилояти Хатлон  бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва соҳибкорони ин ноҳия  бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» хабар  медиҳад.

Дар мусобиқа ширкати беҳтарин паҳлавонони  мамлакат,   аз ҷумла Темур Раҳимов, Саидҷалол Саидов, Шамшод Абдуллоев, Комроншоҳи Устопириён, Шакармамад Мирмамадов, Фарёд Шайхов, Фирдавс Насимов, Саидҷамол Алимардонов ва дигарон дар назар аст. Паҳлавонони шуҳратёри тоҷик барои ду Шоҳҷоиза-мошинҳои сабукрави «Mercedes-Benz» ва «Opel» байни ҳам мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ноҳияи Рашт мусобиқаи гӯштини миллӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хосса    баргузор  гардид. Хурду бузург дар варзишгоҳи ноҳия ҷамъ  омада, аз тамошои сабқатҳои ҷолиби гӯштингирӣ лаззат бурданд. Дар интиҳои мусобиқа паҳлавон Шамшод Абдуллоев дастболо шуда, соҳиби Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес Бенз»  гардид.

Апрель 1, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад