Шодихон Ҷамшед: вазъи номусоиди ҳаво сабаби гирифтории зиёд ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гардид

Апрель 18, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед вобаста ба хабару овозаҳои бардурӯғе, ки рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ  ба нашр мерасанд, зикр намуд, ки вазъи номусоиди ҳаво дар чанд рӯзи охир на танҳо ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, балки ба саломатии шаҳрвандони мамлакат низ таъсири манфӣ расонид. Аз ин рӯ, дар ин рӯзҳо гирифторшавии якбора ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла илтиҳоби шуш (пневмания) зиёд ба мушоҳида расид. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, бемории илтиҳоби шуш (пневмания)  ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Бинобар ин, аз гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории мазкур набояд  ҳангома сохт. То имрӯз дар ҷумҳурӣ миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифташуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ин гуфтаи Шодихон Ҷамшед  дар ҷаласаи навбатии ситод оид ба пешгирии сирояти коронавирус, ки   17 апрел дар  Вазорати    тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, садо дод.  Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин  муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода, роҳбарони як зумра раёсатҳо ва директорони муассисаҳои тандурустии пойтахт  иштирок намуданд.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ»- и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва нишондиҳандаи беморшавӣ ба баъзе бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019  (нишондод ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ)  чунин мебошад:

бемории зуком  (грипп) 9982 нафар, илтиҳоби шуш (пневмания) 12802 нафар, ОРВИ 350 702 нафар,  диққи нафас 1293 нафар ва домана 8 нафар.

Яъне, омори мазкур гувоҳи он аст, ки гирифторшавии шаҳрвандони мамлакат ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории илтиҳоби шуш (пневмания)  ҳолати муқаррарӣ ва мавсимӣ мебошад. Аз ин рӯ лозим аст, ки моҳияти аслии ин беморӣ аз ҷониби табибони оилавӣ ба шаҳрвандони мамлакат расонида шавад, то дар ин лаҳзаҳои ҳассос сокинон ба таҳлука наафтанд.

Апрель 18, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад