Шуъбаи махсуси карантинии ВКД ҷойҳои ҷамъиятиро тамиз мегардонад

Апрель 27, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ ва хатар аз эҳтимоли бемории коронавирус дар таркиби шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД дастаи тамизкунанда (дезотряд) ташкил намудааст.

Дастаи мазкур ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, хиёбону гулгашт, боғу майдонҳои пойтахтро бо маҳлули дорои гипохлориди натрий  тамиз гардонида истодааст.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дастаи тамизкунанда бо мақсади халалдор накардани истироҳат, сайру гашт ва фароғати шаҳрвандон чунин корҳоро шабонгоҳон мегузаронад. Аъзои дастаи шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД бо мошин, дастгоҳу воситаҳои хос, либос, дастпӯшҳо, ниқобҳои махсуси зиддикимиёӣ таъмин буда, барои безараргардонии муҳити атроф аз вирус маҳлулҳои кимиёии ган, неатсидол, ратсидол, алмадез, формалин, параформ) ва ғайраҳоро истифода мебаранд.

Бахусус он мавзеъҳое, ки дар ҳудуди маҳаллаву шаҳракҳо барои патовгоҳ ҷудо гардидаанд, атрофи партовгоҳҳо низ барои бехатарии сокинон аз ҳар гуна таҳдидҳои сироятёбӣ бо истифода аз маҳлулҳои кимиёӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе аз тарафи дастаи тамизкунанда тоза карда  шуданд.

Чунин корҳои кимиёии зиддивирусӣ дар дигар вилояту шаҳр ва ноҳияҳои мамлакат баҳри мубтало нагардидани шаҳрвандон ба бемории коронавирус гузаронида мешаванд.

Илова бар ин дар коргоҳи дӯзандагии Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ истеҳсоли ниқобҳои муҳофизатӣ аз матои пахтаи ватанӣ ба роҳ монда шудааст. Танҳо дар як моҳи охир бо заҳмати 70 нафар чеварони коргоҳи дӯзандагӣ 76 900 адад ниқобҳои тиббӣ истеҳсол карда шуда, ба ҷузъу томҳои ВКД ва мавзеъҳои карантиние, ки барои шаҳрвандони аз хориҷи мамлакат омада муайян карда шудаанд, ройгон тақсим карда шуданд.

Апрель 27, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд