Соҳибкорону саховатпешагони ноҳияи Лахш ба 250 нафар кумак расониданд
ЛАХШ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар якҷоягӣ бо соҳибкорони ватанӣ ба 250 нафар шахсони имконияташон маҳдуд, маъюбону шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои дорои ду ва зиёда маъюби ноҳия маводи хӯрокворӣ кумак намуданд. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш Хуршед Икромӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Зикр шуд, ки хушбахтона, имрӯзҳо дар асоси сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки имконият доранд, ҳамчун шахсони ватандӯсти мамлакат дар корҳои хайру савоб саҳми арзанда мегузоранд.
Ба ин восита ҳамватанони мо дар рӯзҳои мушкили зиндагиашон аз таваҷҷуҳу дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ ва соҳибкорони ватандӯст бархурдор мегарданд.








Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид






