Сохтмони пули нави мошингузари деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон оғоз гардид
ХОРУҒ, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар болои рӯдхонаи кӯҳии деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон пули нави мошингузар сохта мешавад. Дарозии пул 18 метр буда, он бо маблағгузории Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ бунёд мегардад. Роҳсозон тасмим гирифтаанд, ки то фарорасии фасли сармо пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Пули кӯҳнаи мошингузари ин деҳа аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта шуда, бо мурури замон бар асари селфароӣ рӯ ба харобшавӣ овардааст. Ин пул дар масири Душанбе-Хоруғ-Кулма ҷойгир буда, ҳамарӯза аз болои он садҳо мошини мусофирбару боркаш ҳаракат мекунанд.
Ба гуфтаи муҳандиси пули мазкур Бахтибек Исҳоқов, сокиноне, ки дар атрофи ин пул зиндагӣ мекунанд, ҳамасола бо фаро расидани фасли баҳор ба таҳлука меафтанд. Зеро пас аз ҳар борону омадани сел зери пул аз сангу хок пур шуда, об ба тарафи хонаҳои истиқоматӣ ҳаракат мекунад.
Чаҳор сол пеш қариб 8 хона зери сел монда, соҳибонашон маҷбур шуданд, ки макони зисти худро тарк ва поён аз роҳи мошингард хона бунёд кунанд. Аммо ин қитъаи замин низ ба соҳили рӯдхона наздик аст ва агар пули баланду мустаҳкам сохта нашавад, боз ҳам ба ҳаёти ин сокинон хатар таҳдид мекунад.
Ҳоло бунёди пули нав оғоз шуда, пас аз ба итмом расидани он сокинони деҳа бе тарсу ваҳм аз он гузар мекунанд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






