Таҷрибаи сокинони шаҳри Хуҷанд дар истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ибратбахш аст
ДУШАНБЕ, 20,04,2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокини маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд Пӯлод Темуров 2 сотих замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, ба ин восита ҳамасола ҳам эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва бародарашро, ки дар як ҳавлӣ иқомат доранд, бо сабзавоти тару тоза ва меваҷот таъмин менамояд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, ӯ дар замини худ беш аз 25 бех дарахтони гуногун, чун биҳӣ, олуча, шафтолу, себ, зардолу, сиёҳолу, анор, чормағз ва ғайра шинонидааст, ки ҳамасола аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меорад. Инчунин дар пояи зери дарахтон помидор, бодиринг, қаламфур, сабзӣ, картошка, турб, райҳон, шалғам низ дар муҳлатҳои муайян ва мавсимӣ кишт намуда, аз ин замин дар як сол ду-се ҳосил ба даст меорад.
Мавсуф зикр намуд, ки ӯ аз рӯйи ихтисос барқчӣ буда, шуғли доимӣ дорад, вале дар баробари фориғ аз вақти корӣ дар замини наздиҳавлигӣ меҳнат намуда, ба ин восита ҳам истироҳат мекунад ва ҳам барои фаровонии хони рӯзгораш ризқу рӯзӣ дармеёбад.
Пӯлод Темуров зикр намуд, ки ҳамасола бо риояи талаботи сифати омодасозӣ аз ҳосили сабзавоти парваришнамудааш беш аз 100 адад зарфҳои шишагӣ консерваҳои меваю сабзавот, мураббо ва хӯришҳо тайёр менамояд, ки он дар фасли зимистон дар рӯзгори ӯ ва бародараш васеъ истифода мешаванд.
Нафари дигаре, ки дар ин самт аллакай таҷрибаи хуби корӣ дарёфтааст, сокини маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр Бахтиёр Бобоҷонов буда, ӯ низ дар замини наздиҳавлигии худ гармхонаи кӯчаке бо харҷи ночиз бунёд намудааст. Бобоҷон дар гармхона пиёзи сабз, кашнизу шибит, шулхаю синдрей, ҷаъфарӣ, шалғамча ва ғайраҳо кишт намуда, аз онҳо то 3 маротиба ҳосил мегирад. Бо ин маҳсулоти хеш ӯ на фақат оилаи худ, балки эҳтиёҷоти ҳаммаҳаллаҳояшро низ таъмин менамояд.
Бахтиёр Бобоҷонов мегӯяд, он сокинони шаҳр, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд, тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сурати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин анвои гуногуни маҳсулоти ғизоии рӯзгорро ба даст оварда, ба ин восита бо меҳнати худ метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва сабади истеъмолиашон саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки мисли Пӯлод Темуров ва Бахтиёр Бобоҷонов дар шаҳр сокинон зиёданд, ки ҳамасола бо корбарии оқилонаву самаранок ва тарзи хуби истифодаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигии худ на танҳо дар фаровонии хони ҳамарӯза, инчунин дар буҷаи оила низ ҳисса мегузоранд. Меҳнати ин нафарон на танҳо шоёни аҳсан, балки намунаи корбарии дурбинона нисбат ба истифодаи замин аст.
Бо ин амали худ сокинони шаҳри Хуҷанд на танҳо дар пешбурди сатҳи рӯзгор ва ғанӣ гардонидани дастурхони хонавода саҳм мегузоранд, балки то андозае бо таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи баҳорӣ ва пастшавии нархи он дар бозорҳои маркази вилоят ҳисса мегузоранд.













БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар самти рушди инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Масато Канда: «БОР 1,1 миллиард доллари ИМА-ро ба татбиқи Стратегияи нави шарикӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ҷалб менамояд»
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид
Татбиқи «Стратегияи Бонки Осиёии Рушд барои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026–2030» оғоз мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар Тоҷикистон ба 381 ҳазор адад расид
Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






