Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2020 ба маблағи беш аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот содир намудааст
ДУШАНБЕ, 17.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон новобаста ба баъзе омилҳои берунӣ, хусусан эълон гардидани пандемия аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар иртибот ба зуҳури вируси «COVID-19» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, афзоиш додааст.
Дар семоҳаи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 6,7 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9 фоизро ташкил дода, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард сомонӣ зиёд гардид. Ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 20,4 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд аст.
Дар хабари Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ин давра ҳиссаи саноати маъдан 25,9 фоиз, электроэнергетика беш аз 32 фоиз, саноати хӯрокворӣ 17 фоиз, саноати сабук қариб 5 фоиз, корхонаҳои пахтатозакунӣ 3,2 фоиз, саноати масолеҳи сохтмон 8,4 фоиз, саноати мошинсозӣ 6,8 фоиз, саноати ангишт 0,6 фоиз, саноати табъу нашр 0,5 ва саноати нафт ва газ 0,6 фоизро дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ташкил дод.
Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт беш аз 101 фоиз, саноати маъдани кӯҳӣ 119,5 фоиз, саноати масолеҳи сохтмон 114 фоиз, саноати сабук 125,6 фоиз, саноати мошинсозӣ беш аз 130 фоиз, саноати табъу нашр 117,4 фоиз, саноати хӯрокворӣ 106,2 фоиз, корхонаҳои пахтатозакунӣ зиёда аз 153 фоиз, нафт ва газ 151,8 ва электроэнергетика 121,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра рушди саноат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Бадахшон (85,6%) таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд 119,4 фоиз, Хатлон беш аз 117 фоиз, шаҳри Душанбе зиёда аз 105 ва навоҳии тобеи марказ беш аз 123 фоизро ташкил дод.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии саноати истихроҷ беш аз 110 фоиз, саноати коркард зиёда аз 121 фоиз, истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва гармӣ қариб 110 фоиз ба вуҷуд омадааст. Инчунин дар ин давра Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот содир намудааст, ки зиёда аз 1,7 миллиард сомонӣ ба бахши саноат рост меояд.
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки саноатикунонии мамлакат яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.










Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






