Толибилмони мактаби №86-и Душанбе бо фаъолияти «Амонатбонк» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ «Global Money Week-2020» хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86-и шаҳри Душанбе ба идораи марказии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ташриф оварда, бо фаъолияти нахустин бонк дар Тоҷикистон, ки таърихи 135-сола дорад, шинос гардиданд.
Тавре сардори маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Дилафрӯзи Раҳмат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар оғоз толибилмон бо хизматрасониҳои бонкии Департаменти партохти нафақа ва кортҳои бонкӣ шинос гардида, сипас аз Осорхонаи «Амонатбонк», ки таърихи фаъолияти онро инъикос менамояд, дидан намуданд. Ҳамзамон ба хонандагон мутахассисони идораи методология ва бозомӯзии кормандони «Амонатбонк» оид ба маърифати молиявӣ ва фаъолити кунунии «Амонатбонк» маълумот доданд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ — «Global Money Week-2020» ҳамасола дар моҳи апрел гузаронида шуда, ҳадафаш баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад.








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5600 то 9.5700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






