Турсунзода: ба сокинон наворҳои видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ ҷиҳати пешгирии COVID-19 пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар муассисаҳои кӯдакона, майдонҳо ва бозорҳои ҳудуди шаҳри мазкур ҷиҳати пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии пандемияи COVID-19 корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ намуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи татбиқи Нақшаи амали ситоди ҷумҳуриявии таҳкими чорабиниҳои зиддиэпидемӣ ҳангоми пандемияи короновирус COVID-19 сурат гирифтанд.
«Масъулин бо нишон додани наворҳои омӯзишии видеоӣ ва филмҳои аниматсионӣ, ки дар онҳо дар бораи чораҳои бехатарӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ ба табибон ҳагоми мушоҳидаи аввалин нишонаҳои короновирус маълумот дода мешаванд, оид ба пандемияи COVID-19 сухан гуфта, аҳолиро аз оқибатҳои хатарбори риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ ҳушдор доданд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.
Зикр гардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз сирояти коронавирус телефони бовариро бо рақами 511 роҳандозӣ намудааст. Ин рақам ба таври шабонарӯзӣ фаъол мебошад. Сокинони мамлакат метавонанд дар ҳолати мушоҳидаи нишонаҳои нахустини вируси нав ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран бо ин рақам ба вазорат хабар диҳанд.
Коронавирус охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин ба қайд гирифта шуд ва то имрӯз зиёда аз 200 мамлакати ҷаҳонро фаро гирифт. 11 март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ онро расман пандемия эълон кард.
Аз рӯзҳои нахустини пайдоиши вируси мазкур дар Чин Тоҷикистон барои пешгирии интиқол ва паҳншавии он дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешид. Аз ҷумла, ҳамаи нафароне, ки аз хориҷ ба мамлакат ворид гардиданд, ба карантин фаро гирифта шуданд.
Бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди миллии доимамалкунанда оид ба пешгирии коронавирус таъсис дода шуд. Инчунин дар ҳамаи вазорату идора ва корхонаву муассисаҳо ситодҳои дохилиидоравӣ таъсис дода шуда, фаъол мебошанд.
16 апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси фаврию ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб карда, дар ин робита ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бино ба иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то имрӯз дар мамлакат ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, ситоди ҷумҳуриявӣ ва масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи интиқол ва паҳншавии ин вирусро дар мамлакат пайваста тақвият мебахшанд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






