Вазорати корҳои дохилӣ дар заминҳои хоҷагии ёрирасон дар ноҳияи Зафаробод пунбадона мекорад
ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоид омадани боду ҳаво тибқи дастури роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар заминҳои хоҷагии ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ, воқеъ дар ноҳияи Зафаробод кишти чигит оғоз шуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маросими кишт бо иштироки сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов, кишоварзони ботаҷрибаи пахтакор ва масъулини хоҷагидории Раёсат баргузор шуд. Дар масоҳати 80 га ду навъи пунбадонаи ба иқлими минтақа мувофиқ- навъи туркии «Глор» ва навъи маҳаллии «Хуҷанд-67» кишт карда мешавад, ки аз ҷониби пахтакорони ботаҷриба тавсия дода шудаанд. Дар заминҳои боқимонда зироати ғалладонагӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешаванд.
Зимни боздид аз заминҳои хоҷагии ёрирасон сардори Раёсат Абдулло Навҷувонов ба масъулин дастур дод, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар раванди амалисозии кишту кор аз маслиҳати деҳқонон ва мутахассисони ботаҷриба истифода намуда, корҳои агротехникиро дар муҳлатҳои муайяншуда ва босифат анҷом диҳанд.
Ёдрас мешавем, ки заминҳои хоҷагии мазкур дар масоҳати 91 га доман паҳн карда, имсол кишти чигит дар масоҳати 80 га пешбинӣ шудааст.










Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Суғд суръати рушди соҳаи саноат 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст»
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт






