ВКХ: Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон бобати пешгирии ин сироят тадбир меандешад

Апрель 18, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали  ҳамагирии коронавируси нав дар ҷаҳон ҳамаи тадбирҳои заруриро бобати пешгирии сироят ва паҳншавии COVID-19 дар мамлакат меандешад. Дар ин бора дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар сатҳи Ҳукумат ситод таъсис ёфт, ки пайгирона ба ҳалли масъалаҳои марбут ба тадбирҳои таъмини амнияти саломатии шаҳрвандон, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус ва таъмини аҳолии мамлакат бо озуқаворӣ ва доруворӣ машғул аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 17 апрели соли 2020 баргузор гардид, дар бораи муқобила бо бемории ҳамагир ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиат намуданд.

Аз ҷумла, дар суханронии худ Сарвари давлат ба тадбирҳое, ки Ҳукумати мамлакат бобати пешгирии сироят ва паҳншавии коронавирус меандешад, инчунин ба иқдомҳои дигар баҳри мусоидат ба рушди иқтисодии мамлакат ҷиҳати рафъи пайомадҳои ҳамагирии COVID-19 таъкид карданд.

Қаблан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар чораҳо ба намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур дода буданд, ки ҳамроҳ бо роҳбарони мақомот ва сохторҳои маҳаллӣ корҳои тавзеҳотиро анҷом дода, ба иҷро гардидани қарорҳо ҷиҳати пешгирии паҳншавии ин вирус мусоидат кунанд.

Инчунин бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба манзури ҳифзи саломатии аҳолӣ баргузории тамоми чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе лағв гардид.

Ҳамзамон бо дарназардошти вазъе, ки бар асари паҳншавии  коронавируси нав дар кишварҳои ҷаҳон ба вуҷуд омадааст, 17 апрели соли 2020 Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дар бораи ҷорӣ намудани баъзе маҳдудиятҳо қабул кард. Мутобиқи қарори Шӯрои умало, эътиборан аз 18 апрели 2020 баргузории намозҳои ҷамоат — панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият ва инчунин дар моҳи рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ шуд. Ба сабаби муваққатан мамнӯъ шудани зиёрати хонаи Худо — Масҷид-ул-Ҳаром Шӯрои уламо аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки нияти ҳаҷ доштанд, даъват намуд, ки маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро барои ниёзҳои иҷтимоӣ сарф кунанд.

Дар изҳороти Шӯрои уламо хоҳиш гардидааст, ки тавсияҳои табибон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар айёми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя шаванд.

Апрель 18, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид