Норак: Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дӯсторони мутолиаро сарҷамъ кард

Апрель 4, 2020 11:30

НОРАК, 04.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳри Норак даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» оғоз гардид, ки то  8 апрел идома меёбад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Мақсади асосии баргузории фестивал ин  ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия  намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Дар шаҳри Норак 16 адад китобхона бо теъдоди умумии 183 928 нусха китоб фаъолият доранд. Дар се моҳи аввали имсол 3596 нафар хонанда аз китобхонаҳо китоб гирифтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 283 нусха зиёд мебошад.

Апрель 4, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд