Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид

Апрель 13, 2020 13:02

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Турсунзода Б.Ҳ. бо ҷурми риоя накардани талаботи яке аз қонунҳои миллии мамлакат-  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ба ҷавобгарии  маъмурӣ кашида шуд. Тибқи қарори суди шаҳри Турсунзода нисбат ба шаҳрванд Б.Ҳ.  бо моддаи 481, қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда ҷарима барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд, ки баробар ба 5,8 ҳазор сомонӣ мебошад.

Дар ин хусус  маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои  манбаъ, Б. Ҳ. хилофи талаботи қисми 1,  моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» амал намуда, 24 январи соли 2020 бе қайд дар мақомоти ваколатдор 35 нафарро ба хонааш даъват намуда, ба муносибати тӯи арӯсии духтараш зиёфат додааст.

Инчунин ӯ 25 январ хилофи талаботи қонун такроран ба мардум зиёфат додааст. Дар робита ба риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбат ба ӯ парвандаи маъмурӣ боз гардид.

Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ду қонуни миллӣ буда, соли 2007 қабул шудааст. Новобаста ба талаботи ин қонун ва ҷаримаҳои калон бисёре аз шаҳрвандони мамлакат хилофи талаботи он рафтор  намуда,  қонуншиканӣ менамоянд, ки сабаби нигаронӣ ва таассуф аст.

Апрель 13, 2020 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад
ХУДНАМОӢ ДАР ИСТИҚБОЛИ НАВЗОД. Чаро мутасаддиён бетарафанд?