Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар Бохтар ба рафъи оқибатҳои барфи ғайриинтизор бахшида шуд

Апрель 9, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2020/НИАТ «Ховар»/. Тавре аллакай хабар додем, шаби 8 ба 9-уми апрел дар аксар шаҳру  навоҳии  Тоҷикистон барф борида, замин ва талу теппаҳоро сафед  намуд. Бориши борону барфи шабонарӯзи охир, боду ҳавои ноустувор ва поинравии ҳарорат метавонад ба заминҳои кишоварзӣ, боғҳо, чорво зиён расонида, боиси сармохӯрдагии долу дарахтон гардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин нуктаро имрӯз Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иштироки муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ  таъкид кард ва зикр намуд, ки дар  баъзе ноҳияҳо баландии барф ин субҳ то 15 сантиметрро ташкил додааст.

Бо дарназардошти ин, раиси вилоят ба масъулон дсупориш дод, ки ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани чорво, таъминот бо хошокиҳо, муҳофизати ҳосили боғу токзорҳо, ташкили обёрӣ ва дудмонӣ дар боғу токзор, кушодани ҷӯяк ва ҷӯйборҳои поёноби киштзорҳо, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррасони кишоварзӣ, ки ҳангоми пастравии ҳарорат афзоиш меёбанд, тадбирҳои  мушаххас андешанд.

Қурбон Ҳакимзода барои огоҳонидани сокинони вилоят аз эҳтимолияти таъсири боду ҳавои ноустувор, худдорӣ намудан аз гаштугузори бидуни зарурат, тозакунии ҷӯйбору каналҳои назди биноҳои истиқоматӣ аз ҳар гуна хасрӯба, партовҳо, ҳамзамон истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ дастур дод.

Дар ҷаласа доир ба зарурати афзоиш додани майдонҳои кишти ғалладонагӣ, сабзавот, донагиҳо, картошка, бардоштани 2-3 ҳосил дар як сол низ сухан рафт.

Раиси вилоят дар ҷаласаи корӣ ҳамзамон бино ба таъсири манфии бемории паҳншудаи коронавирус ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон  ба масъулон супориш дод, ки ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои тиббию таълимӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.

Апрель 9, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд