ҲАМА – АЛАЙҲИ COVID-19! Ба 16 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва маҷмӯи воситаҳои беҳдоштӣ тақсим гардид
ДУШАНБЕ, 02.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба 16 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон кумаки башардӯстона бо арзиши тақрибан 33,5 ҳазор евро расонида шуд, ки он аз 2 ҳазор дона либоси махсуси муҳофизатӣ, 810 адад маҷмӯи воситаҳои беҳдоштӣ ва 400 бастаи маҳсулоти хӯрокворӣ иборат мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин кумак ду беморхона ва ду маркази тавонбахшии шаҳри Душанбе, беморхонаҳои вилоятии шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтару Хоруғ, беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан мувофиқи ниёзҳояшон аз 20 то 200 адад либоси махсуси муҳофизатӣ дарёфт намуданд.
Инчунин, маҷмуҳои беҳдоштӣ (собун, антисептик, моддаи безараргардонӣ ва ғ.), бастаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ (орд, равған, шакар, макарон ва ғ.) ба оилаҳои ниёзманд, алалхусус ба онҳое, ки шахси маъюб доранд, дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Исфара ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Лахш, Рашт, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Истаравшан ва Деваштич тақсим карда шуданд.
Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии манфиатбарандагон дар бораи COVID-19 ва тадбирҳои пешгирии он, варақа (постер)-ҳо ва часпакҳои қоғазии иттилоотӣ тақсим ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Бояд гуфт, ки кумаки башардӯстона бо дастгирии молиявии Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Германия (BMZ) Филиали Ассотсиатсияи Каритас Германия дар Тоҷикистон амалӣ гардид.
Дар оғози соли равон Каритас Германия тамоми нақшаҳои амалро дар доираи лоиҳаҳои худ бо мақсади пешгирии пайдоиши эҳтимолии COVID-19 дар ноҳияҳои ҳадафии худ тағйир дод.
Аз ҷумла, шурӯъ аз аввали моҳи апрел дар доираи фаъолияти ташкилот либосҳои махсуси муҳофизатӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ё маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводҳои иттилоотӣ харидорӣ гардида, ба Хона-интернати Батош, мактаб-интернатҳо, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, 4 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва 4 мактабу 1 КАТС дар ноҳияи Айнӣ тақсим карда шуданд.
Илова бар ин, дар асоси тавсияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам оид ба аломатҳо ва пешгирии COVID-19, ки аз тарафи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар манбаъҳо пешниҳод гардидаанд, Каритас Германия варақа (постер)-и воқифсозӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ таҳия ва дар ҳаҷми 5 ҳазор нусха нашр карда, дар миёни манфиатбарандагони худ тақсим намуд.
Иқдоми мазкур бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи ду лоиҳаи дигари худ оид ба тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал, ки дар ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳритуз татбиқ мегарданд, гирифта шуд.








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






