COVID-19. Дар бархе тарабхонаву ошхонаҳои пойтахт қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намегарданд

Май 29, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 29.05.2020. /АМИТ Ховар/.  Дар тарабхонаи «Мерве»-и шаҳри Душанбе, ки филиалҳои он дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва хиёбони «Рӯдакӣ» мавҷуданд, ҳангоми назорати фаврӣ маълум гардид, ки бо воридшавии мизоҷон ба тарабхона ҳарорати онҳо санҷида намешаваду дастҳояшон низ бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар намегарданд. Ин ҳолат зимни санҷиши гурӯҳҳои сайёри Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе муайян гардид.  

Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Чанд муддат аст, ки аз ҷониби гурӯҳҳои сайёри Раёсати мазкур дар ошхонаву тарабхона, кӯчаву хиёбонҳо, дӯкону фурӯшгоҳ, мағозаҳои фурӯши хӯроки умумӣ ва дигар маконҳои гаштугузори шаҳрвандон дар пойтахт амалиёти профилактикию назоратӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карда шудаанд.

Дар доираи тавсияи мутахассисон ва қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нави КОВИД-19 Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа пайваста дар ҳудуди шаҳри Душанбе корҳои таблиғотию назоратӣ мегузаронад.

Аз ҷумла, зимни гузаронидани корҳои назоратӣ аз ҷониби милитсияи пойтахт оид ба муйян намудани ҳолати риояи беҳдошти шахсӣ, истифодаи ҳароратсанҷ, қабули мизоҷон ва дигар паҳлуҳои ба ин масъала рабтдошта дар тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳои шаҳри Душанбе маълум гашт, ки дар аксарият ошхонаву тарабхонаҳо ин қоидаҳо ба куллӣ риоя намешаванд.

Масалан, дар тарабхонаи «Мерве»-и шаҳри Душанбе ҳамин ҳолат мавҷуд буд. Доир ба иҷро нагардидани корҳои беҳдоштӣ  кормандон ҳар гуна баҳона меҷустанду ҷавоби аниқ намедоданд. Ҳамчунин баъзе аз пешхизматон бе ниқобу дастпӯшак фаъолият мекарданд.

Ҳолати аз ин бадтар дар ошхонаи «Шифо», воқеъ дар кӯчаи Назаршоеви ноҳияи Шохмансур ошкор гардид. Набудани ҳароратсанҷ, бе дастпӯшаку ниқоб кор кардани хизматгорон ва ифлос будани зарфҳои истифодашаванда  ҳолати нигаронкунанда мебошад.

Дар чойхонаи «Яхмос», воқеъ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва сихкабоби «Тахтача» дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шохмансур, ошхонаи «Фарел Хаус» ва ошхонаи «Озода» дар кӯчаи Лоиқ Шералии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, тарабхонаи «Сафо» дар кӯчаи Носири Хусрав ва чанд макони дигари хӯроки умумӣ одитарин қоидаҳои санитарии аз ҷониби Ситоди ҷумҳуривӣ пешбинишуда риоя намешуданд.
Гарчанде дар баъзеи ин ошхонаву тарабхонаҳо маҳлулҳои антисептикӣ ва ҳароратсанҷ вуҷуд дошт, вале мутаассифона, чун намоиш дар гӯшае монда шуда, умуман истифода бурда намешуданд.

Зимни ошкор кардани ҳолатҳои ғайристандартӣ дар ин маконҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуданд.

Май 29, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад