COVID-19. Дар ноҳияи Спитамен вазъи эпидемологӣ таҳти назорат қарор дорад, шумораи гирифторони коронавирус коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгири ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷаласаи корӣ Раиси ноҳияи Спитамен, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, раисони ҷамоатҳо, сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки аз ҷониби роҳбари давлат барои солимии ҷомеъа тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар ноҳияи Спитамен вазъи эпидемологӣ таҳти назорати кормандони соҳаи тиб қарор дорад. Барои фаъолияти табибон дар беморхонаҳо ва табибони оилавӣ баҳри пешгирии сироятёбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар натиҷа ҳоло сироятёбии сокинон ба бемории COVID — 19 дар ноҳияи Спитамен дар ҳолати коҳишёбӣ арзёби карда шуд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ ҳадди ақал барои се моҳ захира карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо ва фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту тарғиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона, бе ниқоби муҳофизатӣ манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитари гигенӣ боиси паҳншавии беморӣ мегардад. Барои харидории маводи рӯзгор аз хизматрасониҳои дастарас истифода намоянд. Дар марказҳои саломатӣ барои фавран расонидани машваратҳои тиббӣ тариқи Онлайн чораҷӯи намуда, фаъолияти баландгӯякҳо барои огоҳонидани мардум мунтазам ба роҳ монда шавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба пурзӯр кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани манбаъҳои пайдоиш ва паҳншавии беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масъулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла саривақт гузаронидани кишти баҳории картошка ва пахта, беталаф ҷамъовари намудани ҳосили ғалла, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, таъминот бо оби полезӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Акс аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






