COVID-19. Мутахассиси пешбари Вазорати рушди иқтисод ва савдо оид ба вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳон ва таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар соли 2020 рушди иқтисоди ҷаҳонро аз 2,5 фоиз то -3 фоиз ва Агентии байналмилалии рейтингии «Fitch» аз 1,3 фоизи рушд то -1,9 фоиз коҳишёбӣ баҳодиҳӣ намуданд. Ҳамзамон ХБА ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд коҳишёбии иқтисодиёти ҷаҳониро дар соли 2020 пешгӯӣ карда, эҳтимол мекунанд, ки таъсири он нисбат ба бӯҳрони молиявии солҳои 2008-2009 бештар хоҳад буд.Аз рӯи баҳодиҳии Агентии «Блумберг», зарари умумии иқтисоди ҷаҳон аз ҳисоби паҳншавии пандемияи коронавирус дар соли 2020 то 2,7 трлн. долларро ташкил медиҳад.
Тавре мутахассиси пешбари Маркази таҳлилии аналитикии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абӯбакр БОЙНАЗАРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд, хуруҷи коронавирус ба дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон ва як қатор кишварҳо бетаъсир намонд. Аз ҷумла, дар натиҷаи таъсири паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон тағйирёбии нархи маҳсулоти асосии содироти мамлакат ва бозорҳои ҷаҳонӣ аллакай ба назар мерасанд. Бахусус, ба санаи 28 апрели соли равон нархи пахта нисбат ба аввали сол аз 1527 доллар барои як тонна то 1210 доллар ё 20,8 фоиз ва алюминий аз 1804 доллар барои як тонна то 1507 ё 16,5 фоиз коҳиш ёфт.
«Тибқи таҳлилҳо,паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони тиҷоратии Тоҷикистон минбаъд низ ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, бахши хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, инчунин фаъолияти сармоягузорӣ эҳтимол оварда мерасонад.
Бо назардошти он ки Россия ва Чин шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо эҳтимолияти таъсир ба иқтисодиёти мамлакат тавассути самтҳои зерин, аз ҷумла коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва воридоти сармояи мустақими хориҷӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин татбиқи саривақтии лоиҳаҳои самоягузорӣ вуҷуд дорад»,-гуфт Абӯбакр Бойназарзода.
Бино ба маълумоти номбурда, рушди иқтисоди миллӣ дар семоҳаи якуми соли 2020-ум 7,0 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад.Вазорати рушди иқтисод ва савдо вобаста ба тағйирёбии вазъи иқтисоди ҷаҳон ва шарикони асосии тиҷоратии мамлакат бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ сенарияи таъсири омилҳои берунии номбурдаро ба иқтисоди миллӣ ва нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ барои соли 2020 баҳодиҳӣ намуда, ҷиҳати кам кардани таъсири омилҳои беруна чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.
Аз ҷумла, дар доираи фаъолияти Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ (зинаи дуюм) таҳлили таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии бемории коронавирус ба иқтисоди миллӣ гузаронида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамзамон, Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тасдиқ гардида, мавриди татбиққарор дорад.
Нақшаи чорабиниҳотадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, бахусус пардохтҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири ҷомеа ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввал пешбинӣ менамояд.
Бо мақсади пешгирии омилҳои берунӣ, аз ҷумла пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ вазорату идораҳо ҳамкориро бо шарикони рушд ва институтҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода истодаанд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






